Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

У бо мустангер мулоқот карда буд, вассалом. Вале ӯ дигар ҳеҷ гоҳ мустангерро намебинад, магар дар он дунё. Хайр, чӣ ин аз худи Луиза вобаста... Вале шояд, вай асло мустангерро... Шояд, ин аз тарафи ӯ фақат сипогузорӣ бо‐шад. Не-не! Ҳамту барои сипогузорӣ нисфи шаб аз бистар хеста, дидорбинӣ ба боғ намераванд. Ӯ мустангерро дӯст медо‐рад, ӯ мустангерро дӯст медорад! Майлаш дӯст доштан гирад! Мустангер ҳеҷ гоҳ шавҳари ӯ нахоҳад шуд. Ӯ дигар ҳеҷ гоҳ мустангерро намебинад, ба ҷуз ин ки агар якрави кардан ги‐рад; ва онҳо ҳатто аз баҳри ҳамин ки барои ӯро гунаҳкор на‐мудан ёрдам кунад. Як даҳан гапи ӯ кифоя — ва ҳалқа ба гар‐дани мустангер медавад. Ва ӯ ҳамон як даҳан гапро мегӯяд, ба шарте дигар чизеро, ки ман ду маротиба аз ӯ илтимос кар‐да будам, пӯкида намонад. Маротибаи сеюм охирин мебошад. Боз як бор не гӯяд — ман бозни худамро ба онҳо нишон ме‐диҳам! На фақат он моҷароҷӯи ирландӣ қатл карда мешавад, балки Луиза худаш гунаҳгори қатли мустангер мегардад. План‐тация, ҳавлӣ, ғуломон — ҳамааш...»

Даромада омадани плантатор фикру хаёли Колхаунро бу‐рид.

— Ҳа, Вудли тағо! Шумо худатон ба ман даркор будед.

Вудли Пойндекстери мотамзада хомӯшона дар роҳравҳои Каса-дель-Корво оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ӯ ба ҳуҷраи хо‐ҳарзодаи худ тасодуфан бе ҳеҷ гуна қасду нияти муайян да‐ромад.

— Даркор будам, Кассий? Барои чӣ?

Ғам, ки пирамардро афсурда карда буд, фармонбардоро‐на ва ҳатто хушомадгӯёна гап мезад. Пойндекстери мағрур, ки дар наздаш дусад ғулом меларзид, акнун дар назди фар‐монрави худ меистод. Ростӣ гап, ӯ ҷиян, писари хоҳараш буд. Вале аз ин ғамаш сабук намешуд: ӯ хулқу атвори Кол‐хаунро бисёр нағз медонист.

— Ман мехостам дар хусуси Лу бо шумо гап занам, — ҷа‐воб дод Колхаун.

Ин айнан ҳамон мавзӯъ буд, ки Вудли Пойндекстер аз шунидани он бо ҳар баҳона дурӣ меҷӯст. Ӯ ҳатто метарсид, ки доир ба он фикр кунад, алалхусус онро муҳокима намояд ва хусусан бо шахсе, ки ин гапро сар кардааст. Ва бо вуҷуди ин плантатор тааҷҷуб зоҳир накард. Ӯ ҳайрон ҳам нашуд: ӯ ҳамин гуфтугӯро маътал буд.

Дар оҳанги гапзании Колхаун аломати некӣ набуд. Дар он аз хоҳиш дида, бештар дархост садо медод.

пешина
аз 509
навбатӣ