Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Маълум буд, ки фикри ин издивоҷ барояш ногувор мебошад. Ин ба назар аҷиб намуданаш мумкин буд. То дами охир Майли Пойндекстер дигар буд ва рости гап, хеле эҳтиёткорона бошад ҳам, духтарашро розӣ кунондагӣ мешуд, ки ба хоҳарзодааш ба шавҳар барояд.

То вақти ба Техас кӯчида омаданашон Пойндекстер хоҳарзодаашро нағз намедонист.

Аз бозе, ки Колхаун ба синни балоғат расида буд, ӯ, агарчӣ гражданини штати Миссисипи бошад ҳам, қисми зиёди умрашро дар Орлеани Нав гузаронида буд ва дар он ҷо барои ёфти бештар имконият дошт. Ӯ ба плантасияи дар Луизиана будаи тагояш гоҳ-гоҳ меҳмон шуда меомад; вале баъд, вақте ки Луиза аз кӯдак ба духтари соҳибҷамоле табдил ёфт, Колхаун зуд-зуд ба меҳмонӣ меомад ва ба муддати зиёд менуст.

Пас Кассӣ қариб як сол дар Мексика ҷангид ва ба рутбаи капитанӣ соҳиб шуд. Баъди корнамоиҳои ҷангӣ бо қарори қатъӣ ба ватан баргашт, ки бар қалби креолдухтар ғалаба ба даст орад.

Қариб аз ҳамон вақт Колхаун хонаи тагояшро тарк накард. Агар вай дили духтари ҷавонро мафтун накарда бошад ҳам, ба ҳар ҳол меҳмони арҷманди падарӣ ӯ шуд, чунки барои илтифоти ӯро ба даст даровардан василаҳои дилпуршавандае дошт.

Плантатор, ки як вақтҳо одами давлатманде буд, солҳои охир тамоман муфлис шуд. Одати каттахӯрӣ ӯро маҷбур сохт, ки ба қарз ғӯтад. Хоҳарзодаи вай, баръакс, камбағал буд, давлатманд шуд. Воқеае боиси ин гардид. Комилан табиист, ки дар байни онҳо муносибатҳои ҷиддӣ барқарор гардид.

Дар Луизиана як кас-ним кас пай мебурд, ки Пойндекстер аз хоҳарзодааш қарздор мебошад, дар он ҷо ҳама ӯро эҳтиром мекарданд; ин Колхаунро низ аз зоҳир намудани ҳавобаландии доимиаш пешгирӣ мекард.

Фақат баъди ба Техас кӯчида омаданашон муносибатҳои онҳо он хусусиятҳои хосеро гирифтанд, ки одатан дар байни қарздор ва қарзхоҳ ба амал меоянд.

Ин муносибатҳо пас аз муттасил ба Луиза изҳори ишқ кардани Колхаун ва мудом онҳоро рад кардани Луиза боз ҳам тезутунд гардиданд.

Акнун плантатор имконият дошт хулқу атвори хоҳарзодаашро аз наздик дониста гирад; аз вақти ба Каса-дель-Корво кӯчида омадан рӯз ба рӯз дилаш аз ӯ мемонд.

Муносибати байни Колхаун ва мустангер ва фарҷоми он иззату эҳтироми Пойндекстерро нисбат ба хоҳарзодааш зиёд накард.

пешина
аз 509
навбатӣ