Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
гардӣ. Хайр, ҳеҷ гап не, кампирҷаи ман! Алафи ин ҷо бад не. Гап ҳамин! То сер шуданат чарида гард.
Зеб ин суханонро гуфту сулукро аз даҳони модиён баровард ва банди лаҷомро ба қоши зин партофт, ки ба чаридани вай халал нарасонад. Баъд Зеб ӯро дар ғулии паттазор, дар ҳамон ҷои навакак руст шудагӣ сар дод ва худаш ба паи Колхаун равон шуд.
Пас аз дусад ярд роҳ паймудан паттазор тамом шуд. Аз паттазор он тараф ҳамвории васеъ паҳн гардида буд, ки дар охири он осиендаи Каса-дель-Корво намудор буд.
Дар фопи рӯи сафеди иморат андоми савора намудор буд ва пас аз як дақиқа ӯ ба дарвоза даромада ғоиб гардид.
Зеб кӣ будани ӯро медонист.
— Аз ин ҷо,— ғур-ғур кард шикорчӣ,— кай баромадани ӯро ман дида метавонам. Агар ҳатто то пагоҳӣ мунтазир шудан лозим ояд ҳам, ман ӯро нигоҳ карда меистам! Тоб овардан даркор.
Зеб аввал диққат, баъд каме ҳамъёза кашида, ба дарахти акоқиё такя намуду ба замин нишаст. Пас аз кисаи бетаги худ халтае баровард, ки дар он нони загора, як порча гӯшти хуки бирён ва обдоне буда, аз бӯяш он вискии монангАхил дошт.
Зеб нисфи нон ва гӯшти хукро хӯрда, боқиашро печонида ба халта андохт ва ба шохи болон сараш овехт. Баъд аз обдон дурустакак чанд култ нӯшид, чубук даргиронд, аз нав ба танаи дарахти акоқиё такя кард ва дастонашро ба сари синааш чорчилиқ гузошта, ба дарвозаи Каса-дель-Корво чашм дӯхт.
Аз осиенда чашм наканда, ӯ тахмин ду соат ҳамин тавр нишаст.
Дар таги дарвоза мардону занон ҷунбуҷӯл мекарданд. Вале ҳатто дар чунин масофаи дур аз рӯи сарулибоси сафеди камбагалона ва пӯсти сиёҳ пай бурдан мумкин буд, ки онҳо хизматгоранд. Ғайр аз ин ҳамаи онҳо пиёда буданд. Шахсеро, ки Зеб мағтал буд, агар намудор мешуд ҳам, фақат савори асп аз дарвоза мебаромад.
Баробари ғуруби офтоб Зеб мушоҳидаи худро қатъ намуд, вале фақат барои он ки ҷои басе қулайе пайдо кунад. Чун нимторикии бунафшаранг рӯи заминро фаро гирифт, ӯ телба нашуда аз ҷо хест ва ба дарахт такя намуд, мисли ин ки дар ин ҳолат фикр кардан қулайтар буд.
«Эҳтимоли комил аст, ки ин рӯбоҳ шабона пайдо шавад,—

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор