Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
фикр мекард ӯ, — ё субҳ надамидан пеш. Ҳатман донистанам лозим, ки ӯ ба кадом тараф меравад... Модиёнро аз пасам кашола карда гаштан фоида надорад, — ба ҳамон тарафе ки аспро монда буд, нигариста давом намуд ӯ. — Ӯ ба ман фақат ҳалал мерасонад. Ғайр аз ин холо шабҳо моҳтобанд ва аз зангиҳо ягон кас ӯро диданаш мумкин. Беҳтараш ӯро дар ҳамин ҷо гузоштан лозим — ҳам бехатар, ҳам ҷои мечаридагӣ ҳаст.
Зеб ба назди асп рафт, зинро аз пушташ гирифт, бо аргамчини дароз ба дарахт баст, баъд кампали кӯҳнаашро аз болои зин гирифту ба рӯи даст партофта, ба тарафи Каса-дель-Корво равон шуд.
Ӯ гоҳ тез-тез, гоҳ оҳиста-оҳиста қадам мепартофт ва мунтазири он буд, ки сояҳои фаро расидаистодаи шаб ӯро паноҳ кунанд.
Ин эҳтиёткорӣ аз фоида холӣ набуд: ӯ мебоист маргзори кушодро миёнбур мекард, ки ҳар замон ба чашм афтиданаш мумкин буд. Ҷо-ҷо тоқа-тоқа дарахтчаҳо намудор буданд, вале масофаи байни онҳо хеле калон буд ва то аз назди яке ба дигараш рафтан, бо осонӣ ӯро аз тирезаҳои асиенда ва хусусан аз асотея дидан мумкин буд.
Ӯ баъзан аз роҳ истода, мунтазир мешуд, ки шом фарояд ва ҳаво ториктар шавад.
Вақте ки охирин шуои шафак хомӯш гардид, масофаи байни Зеб ва асиенда беш аз дусад ярд набуд.
Шикорчии пир ба интиҳои саёҳати худ — ҷойҳое, ки шояд, шабро дар он ҷо гузарониданаш дуруст меомад, расид.
Дар он наздикӣ буттай сершоҳу панҷаи пасткаде рӯида буд; Зеб дар зери он дароз кашида, ба дарвозаи Каса-дель-Корво чашм дӯхт.
Шикорчии пир шаби дароз ягон маротиба ҳар ду чашмашро баробар напӯшид — ягонтои онҳо ҳатман ба дарвоза менигарист. Ва ба қиёфаи фавқулодда ҷиддии пирамард назар афканда, фаҳмидан мумкин буд, ки ӯ ба кори хеле муҳиме банд аст.
Аввало якнавохтии бедорхобии ӯро ғалоғулан, овохҳо ва сари ҳар чанд вақт қаҳқаҳи хандае, ки аз кулбаҳои ғуломон ба гӯш мерасид, халалдор мекард. Вале зангиҳо аз ҳарвақта дида басе ботаҳаммул буданд. Навои софи скрипка ва овози

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор