Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Зеб на ба дуболи инаш рафту на ба дуболи ваяш: ӯ гӯё дудила шуда дар ҷояш меистод ва аз паси кадоми онҳо рафтанашро намедонист.
Вале мақсадаш тамоман дигар буд: ӯ, чӣ тавре ки одатан мегӯянд, барои «ҳамаашро дурустакак фикр карда баромадан» дар ҷояш истод.
Фикру зикри ӯ ба додугирифти навакак шуда гузашта банд буд: ӯ тамоми гуфтугӯ ва хоҳишу илтимоси Колхаунро шунида буд. Ана ҳамин Зебро ба душворӣ андохта, ё дурусттараш, боиси банд гардидани фикру хаёлаш шуд. Чӣ зарурат пеш омад, ки Колхаун аспашро иваз кард!
Зеб Стумп нағз медонист, ки духтари мексикой росташро гуфта буд: дар ҳақиқат аспи зоти американӣ аз мустанг хеле қимат меистод. Ӯ низ медонист, ки Кассий Колхаун аз ҷумлаи касоие нест, ки ҳангоми иваз намудани аспҳо фириб доданаш кори осон бошад. Чаро вай ба зарари худ ба ин розӣ шуд?
Шикорчии пир кулоҳи намадиро аз сар гирифт ва ду маротиба ба мӯи сиҳ хестааш даст давонд, баъд ришашро сила намуда, ба замин чашм дӯхт, мисли ин ки аз сабза ҷавоб мепурсид.
— Дар ин кор фақат як эзоҳ шуданаш мумкин, — оқибат ғур-ғур кард ӯ. — Мустанги хокистарранг аз аспи американӣ тездавтар мебошад, ба ин ҳеҷ ҷои шубҳа нест. Ва мистер Каш маҳз барои ҳамин ӯро хуш кардааст. Набошад чӣ зарурат пайдо шуд асперо диҳад, ки ба ивази ӯ дар куҷои Техас ки набошад, чор мустанг ва дар Мексика ду маротиба зиёдтар медиҳанд? Ба назарам чунин менамояд, ки барои пояш шуда ӯро иваз кард. Вале барои чӣ?... Эҳ, ана гап дар куҷо! Ман, зоҳиран, пай мебарам. Ба вай... хе-хе... ха, акнун фаҳмидам... ба ӯ аспи лозим аст, ки савораи бесарро дарёб кунад. Ҳа, ин маҳз ҳамон чизи ба вай даркорӣ, — гапи мапа-маълум. Ӯ бо аспи американӣ имтиҳон карда дид, аммо вай сустгард баромад. Инро ман худам дидам. Акнун вай умедвор аст, ки агар ба чашмаш афтида монад, бо мустанг дарёб кунад; яқин Колхаун ба ҷустуҷӯ меравад. Ӯ ҳозир ба Каса-дель-Корво рафт — зоҳиран, каме ғизо хӯрдааст. Ӯ дар он ҷо бисёр намеистод. Ба зудӣ як кас, ним кас, аз нав ӯро дар ин ҷо дар дашт мебинад ва ба ғайр аз Зебулон Стумп он шахс кӣ ҳам мебуд... Канӣ, тотуякам, — ба сӯи модиёнаш баргашта ба гап давом намуд ӯ, — гумон карда будӣ, ки ба хона меравӣ? Саҳв кардӣ, азизам. Дар ин ҷо як-ду соат, ва шояд, шаби дароз чарида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор