Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

надошт. Ба ғайр аз ишқу муҳаббати ба рақибан ӯ доштааш, бо сабаби дигаре ҳам Исидора бо ӯ дучор омадан намехост.

Исидора ба хотир овард, ки чӣ тавр ҳиндуҳои никопӯш ӯро дунболгирӣ карданд ва ҳамаш бо чӣ анҷомид. Ӯ медонист, ки пас аз техасиҳо ба ёрӣ чеғ задан якбора ғоибшавии вай дар дили онҳо ҳар гуна гумону тахмини бисёре ба амал овард.

Чӣ ӯро ба ин кор маҷбур сохт, ба ҳеҷ кас гап заданӣ набуд ва фақат ҳамин ӯро ба ташвиш мемонд, ки мабодо шахсе аз рӯ ба рӯяш омада истода дар ин бора ӯро пурсупос накунад.

Исидора ба ишораи сар салом дода гузаштарафтагӣ буд — тамоман пайхас накардани Колҳаун ғайриимкон буд. Агар фикри тамоман ногаҳоние дар майнааш пайдо намешуд, эҳтимол, Колҳаун низ ҳамин тавр рафтор мекард. Ин фикр бо Исидора алоқаманд набуд: ҳусну ҷамоли мафтункунандаи духтар сабру қарори дили ӯро намебурд.

Капитани мустаъфӣ вақте ки бо асп пеши роҳи Исидораро гирифта лаҷомро кашид ва фуражкаро аз сар гирифта боадабона таъзим намуду сухан сар кард, ба вай изҳори ишқу муҳаббат карданӣ набуд.

Исидора ба ғайр аз ҷавоб додан дигар чорае надошт.

— Бубахшед, сеньорита, — ба савора не, балки ба асп назар андохта гуфт Колҳаун, — медонам, ки ба ман барин як шахси носинос шуморо аз роҳ нигоҳ доштан тамоман аз рӯи одоб нест...

— Сеньор, узр нахоҳед ҳам мешавад. Мо охир гӯё бо шумо дар дашт дар наздикии Нуэсес вохӯрда будем.

— Ҳа-ҳа... гапатон дуруст, — забонаш гирифта гуфт Колҳаун, ҳол он ки мехост духтар инро фаромӯш кунад. — Ман допр ба он вохӯрӣ не, балки дар бораи лаб-лаби дарё асп тозондани шумо гап заданӣ будам. Мо аз якбора ғоибшавии шумо дар ҳайрат мондем.

— Кабальеро, ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надошт. Тире, ки кадоме аз шумо парронида буд, маро аз таъқибкунандагон наҷот дод. Дидам, ки онҳо сари аспонашонро гардониданд, роҳамро давом доданӣ шудам.

Колҳаун, зоҳиран, аз ҷавоби муҷмали ӯ чандон озурда набуд. Ӯ ҳанӯз аз мавзӯи дилхоҳи худ гап накушода буд ва умедвор буд, ки ба мақсади худ ноил мегардад.

Дар бораи чӣ гап сар кардани буд, инро пай бурдан мушкил набуд, фақат ба ҳамин нигаристан басанда буд, ки чӣ

пешина
аз 509
навбатӣ