Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

тавр ӯ бо қиёфаи ҷовандози мутахассис, пойгачӣ ба аспи Испадора менигарад.

— Ман сеньорита, гуфтанӣ нестам, ки яке аз касоне мебошам, ки баногоҳ аз ғоибшавии шумо дар тааҷҷуб мондам. Ман қарор додам, ки ба ин сабаб доред. Охир ман чӣ тавр лаб-лаби чар асп тозондани шуморо медидам ва рости гап, пас аз ин хотирам аз шумо ҷамъ буд. Ҳамаи дигарон барӣ маро чобуксавории ҳайратфизои шумо дар тааҷҷуб моноид. Чӣ аспе буд вай! Чунин ба назар менамуд, ки ӯ чорхез наметозад, балки парвоз мекунад. Агар хато накунам, ҳозир шумо ба вай савор мебошед. Бубахшед, ки ин хел майда-чуйдаҳоро аз шумо мепурсам.

— Савори вай? Истед ба хотир биёрам... аспони савории ман бисёр. Ҳа, ба назарам ғалатон дуруст. Ҳа, ҳа, худи худаш. Ба хотирам ҳаст, ки чӣ тавр ӯ ба ман хиёнат карда буд.

— Хиёнат карда буд? Чӣ тавр?

— Ҳатто ду маротиба. Бори аввал, вақте ки отряди шумо наздик мешуд. Бори дуюм вақте ки ҳиндуҳо... Эҳ ҳа, ҳиндуҳо не, чӣ тавр ки баъд ба ман гуфтанд! — аз байни дарахтон поида-поида ба ман наздик меомаданд.

— Вале чӣ тавр ӯ ба шумо хиёнат кард?

— Шиха кашид. Ин корро карданаш лозим набуд. Ба калри кифоя ба ӯ омӯзонда буданд, ки ин корро кардан лозим не... Хайр ҳеҷ гап не. Ба Рио-Гранде баргаштан ҳамон дигар ман ба ӯ савор намешавам. Ба чарогоҳ сар медиҳам!

— Мебахшед, сеньорита, вале, ба фикри ман ин бисёр сангдилӣ мешавад.

— Сангдилӣ?

— Ҳамин гуна аспи нағзу дар зери зину абзол намегардад. Ман барои соҳиби ӯ шудан пули бисёре медодам.

— Шумо шӯхӣ мекунед, кабальеро! Чияш нағз? Фақат ҳамин ки ӯ аз мустангҳои дигар каме зеботар ва чаққонтар мебошад. Падари ман аз ин хел аспҳо панҷ ҳазор дорад ва бешубҳа, бисёрии онҳо аз ӯ зеботар ва тездавтар мебошанд. Рости гап, ӯ тобовар ва барои роҳи дур нағз мебошад, бинобар ҳамин ҳозир ба вай савор шудаам — ман ба хона ба Рио-Гранде бармегардам. Агар ҳамин намебуд, ман бо ҷону дил ӯро ба шумо, ё худ ба ҳар касе ки ҳамчунон бисёр маъқул бошад, медодам... Начунбида ист, аспаки ман! Нигоҳ кун, ана шахсе ки ту аз ман дида, бештар ба вай маъқул ҳастӣ.

Суханони охирин ба мустанг нигаронида гуфта шуда буданд,

пешина
аз 509
навбатӣ