Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
дар маҷрои пурлои он изи сумро, ки яктои онҳо шикастагӣ буд, дида хеле дар тааҷҷуб монд. Из кӯҳна ва ягон ҳашт рӯз пеш дар ин ҷо пайдо шуда буд. Вале Колхаун на барои он истод, ки вақти гузошта шудани изро муайян кунад, — вай ҳатто соаташро гуфта метавонист.
Ӯ аз асп фуромад, ки ин изҳоро кӯр кунад. Нағзаш вай ин корро намекард. Пошнаи ӯ лои хушкидаро мачак намуда, ошкор кард, ки савори аспи наълшикаста кӣ будааст. Аз қафо бошад шахсе меомад, ки аз чашми вай ин далел хато намехӯрад.
Капитани мустаъфӣ ҷаста ба зин нишаста роҳро давом дод ва аз бофаросатии худ хеле хурсанд буд.
Садои суми асп диққати ӯро аз ин фикру хаёлоти гуворо ба дигар тараф ҷалб кард. Худӣ асп ҳанӯз дар паси дарахтон намеҳамул.
Садо торафт наздик мешуд. Аз рӯи оҳанги мавзун пай бурдан мумкин буд, ки ба асп одам савор мебошад.
Як лаҳза пас Колхаун дар назди худ Исидора Коварубио де Лос-Льяносро дид. Ӯ низ ҳамон дам ба чашми Исидора афтид.
Ин вохӯрӣ тасоддуфи аҷибе буд ва он дар дили ҳар кадомашон фикрҳои аҷиб пайдо мекарданд.
Исидора ба хотир овард, ки Колхаун занеро дӯст медорад, ки ӯ чашми дидан надорад, аммо Колхаун каси Исидора дӯст медоштагиро на фақат чашми дидан надорад, балки қарор додааст маҳв намояд.
Онҳо инро қисман аз рӯи овозаҳои мардум, қисман аз гӯш мушоҳидаҳои худ ва таассуроти аз ду вохӯрии тасоддуфӣ ҳосил гардида медонистанд. Ҳар кадоми онҳо аз ишқи нокоми дигараш нағз бохабар буд ва дар айни замон ҳар кадомашон фикр мекарданд, ки аз эҳсоси якдигар пай намебаранд.
Ба назар чунин менамуд, ки дар чунин вазъият гумон аст онҳо ба якдигар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карда метавонанд. Ба ҳеҷ кас — хоҳ мард бошад ё зан — маъқул нест ки дар назди рақиби ӯ сар ҳам мекунанд. Фақат саъю кӯшиши қасосталабӣ, ки онро рашк ба вуҷуд овардааст, метавонист онҳоро муттаҳид намояд; вале ин иттифоқи бадкирдоронае мебуд.
Ҳар чӣ бошад то ҳол Исидора Коварубио де Лос-Льянос ва Кассий Колхаун якдигарро иттифоқчӣ ҳис намекарданд.
Шояд, ҳардуи онҳо, хусусан Исидора, шод мебуданд, ки аз ин вохӯрӣ дурӣ ҷӯянд.
Духтари мексикой ба капитани мустаъфӣ чандон тамоил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор