Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Хоҷати пеш рафтан набуд. Ӯ боз як ресмони гусастаро пайваст. Боз каме роҳ паймояд — ҳама исботу далелҳо ба дасташ медароянд.
Боби LXXVIII
ИВАЗКУНИИ АСПҲО
Колхаун ноумед гардида маъюсона ҳақорат дод ва сари аспро ба сӯи дашти табошир, ки дар он ҷо изҳои савораи бесар гум шуда буданд, гардонид.
«Аз пеш рафтан чӣ нафъ? Маълум не, ки ӯ ба кадом тараф асп тозонда рафт. Ӯро боз мебинам ё не — ин кори тасодуф мебошад. Шояд ӯро боз дар назди дарзёча вохӯрам? Вале чӣ нафъ? Мустанг гӯё қасду нияти маро мефаҳмида бошад, аздусар ба худ наздик рафтан намегузорад. Ӯ ҳатто аз мустангҳои ваҳшӣ маккортар мебошад — эҳтимол, соҳибаш ин одатро ба ӯ ёд дода бошад. Агар як тири нишонрас холӣ мекардам, сайру оворагардиҳои ӯро қатъ менамудам. Зоҳиран, поида-поида ба вай наздик рафтан имконнопазир мебошад. Магар ӯро дар ин дашти кушод савори ин хачир дарёб кардан мумкин аст? Аспи кранд, рости гап, пуртокат аст, вале гумон ки тездавтар бошад. Фардо ӯро бо наъли нав имтиҳон карда дидан лозим... Агар ман аспи бодпоеро пайдо мекардам, ки мустангро дарёб карда метавонист, ман пулро дареғ намедоштам. Дар поселка эҳтимол ягон аспи мувофиқ ёфт шавад. Суроғ кардан лозим. Майлаш дусад, ҳатто сесад доллар афтад ҳам!»
Колхаун худ ба худ муҳокима ронда, тарки дашти табошир намуд, — қиёфаи маъюси вай ба таври ҳайратангез бо сафедии чилодори он мухолиф буд.
Колхаун ба асп раҳм накарда, ӯро тунд меронд. Назар ба кафк ва паҳлӯҳояш аз зарби маҳмез азият дидааш, ки ӯ ҳангоми суръатро тезонида ба сӯи Каса-дель-Корво раҳсипор шудан чакра-чакра хун мебаромад, дидан мумкин буд, ки асп аз ин саёҳат аллакай абгор шудааст.
Аз байн як соат нагузашта ӯ ба бешаи дарахтони ақоқиё, ки ба плантацияҳои Пойндекстер мепайваст, даромамад. Ин пайраҳаи ба Колхаун нағз шиносе буд — агарчӣ бо дигар асп бошад ҳам, ӯ аз ин ҷо гузашта буд.
Ӯ аз дарзёчае, ки аз беборони хушк шуда буд, гузашт ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор