Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Аз ҳамон ҷой сар карда ҳар се из дар масофаи бист ярд гоҳ баробар, гоҳ ҳамроҳ шуда ҳамдигарро зер карда мерафтанд.
Ҳамаи аспҳо наъл доштанд; шикорчӣ истод, ки изҳоро дурустакак аз назар гузаронад. Аз ду аспи нав якеаш зоти американӣ ва дигараш, агарчӣ хеле калон бошад ҳам, мустанг буд: андозаи суми вай қариб андозаи суми аспи зоти американӣ барин буд.
Зеб шубҳа намекард, ки ин аспҳоро мешиносад. Барои дарёфтан, ки кадоми онҳо аввал аз ин ҷо гузаштааст, майна об кардан ҳочат набуд. Ин ҳамчунон барои ӯ равшан буд, ки гӯё вай онҳоро бо чашми худ дидааст. Ӯ медонист, ки мустанг пеш-пеш мерафтааст — чӣ қадар пеш будану набуданашро ӯ ҳанӯз муайян карда наметавонист, вале бешубҳа анча дур будааст. Аспи зоти американӣ дуюм ва аз ҳама охир аспи наълаш шикастагӣ гузаштааст, ки ӯ низ зоти американӣ буд.
Ҳар се асп дар вақтҳои гуногун танҳо ба танҳо аз он ҷо гузашта буданд. Зеб Стумп инро бо як осонӣ ва аниқӣ муайян кард, ки мо ҳамчунин вақтро аз рӯи соат ё ҳароратро аз рӯи гармисанҷ муайян мекунем.
— Бад не, — гуфт Зеб ва хушҳолона роҳашро давом дод.
Модиёни пир, гӯё баробари ӯ қадам гузоштагӣ шуда, по ба пои вай аз қафо мерафт.
— Онҳо дар ин ҷо аз ҳам ҷудо шудаанд, — гуфт шикорчӣ ва боз истода зери пояшро аз назар гузаронид. — Мустанг ва аспи зоти американӣ ҳамроҳ, яъне ба як тараф рафтаанд. Аспи наълшикаста ба дигар тараф гаштааст. Аҷиб: барои чӣ? Дар умрам ҳеҷ гоҳ чунин изҳои дарҳам-барҳамро надида будам. Онҳо худи Даниэл Бунро гаранг мекарданд. Аввал ба кадомаш равам! Агар бо ин ду из равам, аллакай пешакӣ ба ман маълум ки ба куҷо мебаранд — ба назди ҳамон кӯлмаки хун. Мебинем, изи сеюм ҳам оё ба он ҷо намебарад... Ба рост гард, модиёни пирам, ва ба ман наздиктар бош, набошад гум шуда меравӣ ва қойотҳо чарбуи туро нӯши ҷон мекунанд!
Шикорчӣ «чарбу» гуфту қаҳқос зада хандид ва ба изи аспи сеюм равон шуд.
Изи лаб-лаби доманаи беша мерафт ва ҳар се изи ба ҳам печида айнан дар ҳамон ҷое ба он наздик шуданд, ки борикраҳаи расеи ҷангалӣ ба хонанда нағз шинос воқеъ гардида буд.
Дусад ярд дуртар аз борикраҳа изи наъли шикаста ба гулии
1 Даниэл Бун (1735—1820) — тадқиқотчӣ ва пайваноси американӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор