Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

беша тоб мехӯрд ва Зеб боз дусад қадам роҳ рафта, ҷоеро ки асп ба дарахт баста шуда буд, ёфт.

Ӯ дид, ки асп пеш нарафтааст; агарчи саҳл самтро дигар карда бошад ҳам, из аз ҳамон ҷо гашта ба дашт мерафт.

Вале соҳиби асп роҳро пиёда давом дода буд. Изи пои одам дар маҷрои дарёчаи хушкида, ки асп дар назди он баста шуда буд, барҷало намоён буд.

Шикорчӣ модиёни пирашро дар ин «оғилхона» монда, ба паи шахси пиёда равон шуд.

Ба зудӣ ӯ дид, ки из дуто мебошад; як из пеш мерафт, дигараш ба ақиб.

Зеб ба изи якум рафт.

Вақте ки из ӯро ба борикраҳа, дуртар аз он ҷое баровард, ки пештар кӯлмаки хун воқеъ гардида, кайҳо онро койотҳо лесида буданд, ҳеҷ дар ҳайрат намонд.

Из, бояд, то худи кӯлмак мерасид, вале акнун замини борикраҳаи ҷангалиро садҳо суми асп шудгор карда буданд.

Аммо, пеш аз он ки Зеб роҳро давом диҳад, ӯ боз як кашфиёти хеле муҳим кард. Вай дар байни буттаҳои анбӯҳ ҷоеро дид, ки зоҳиран, дар он ҷо кадом як шахс басе дурудароз истода буд. Дар он ҷо алаф набуд ва дида мешуд, ки замини мулоимашро бо кафакии мӯза ё ботинка хуб зер кардаанд.

Изи ҳамин кафакиҳо аз он ҷо ба назди кӯлмаки хун мебурд — як из ба он тараф мерафт ва ҳамин гуна як из гашта ба қафо меомад. Дар наздикӣ дар шоҳҷаи дарахт Зеб чизеро пайдо кард, ки ёфтани он на ба отряди майор муяссар гардида буд, на ба роҳбалади онҳо Спенглер: ин қоғазпораи дудолуд ва нисфаш сӯхта, — зоҳиран, дар тирдони таппонча ба пушти тир ҷой карда шуда буд.

Он дар шоҳҷаи акоқиё ба хоре андармон шуда овезон буд.

Шикорчии пир қоғазпораро аз нӯғи хор гирифта, дар кафи пуробилаш ҳамвор кард ва дар рӯи қоғази гиҷими лабаш сӯхтагӣ ном, фамилия ва рутбаи нағз шиносро, ки бо ҳарфҳои «К. К. К.» сар мешуданд, хонд.

Боби LXXVII

БОЗ ЯК САКТА

Вақте ки Зебуниссо навиштаи рӯи қоғазро дида мебаромад, дар чеҳрааш аз тааҷҷуб дида, бештар ҳисси қаноатмандӣ инъикос ёфта буд.

пешина
аз 509
навбатӣ