Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зеб Колхаунро набинад ҳам, ба кадом тараф рафтани ӯро бо осонӣ мефаҳмид. Ду изи нав комилан барои вай кифоя буд — бо савораи бесар ё савораи бедил паҳлӯ ба паҳлӯ асп тозонда рафтагӣ барин ҳамчунон бо он изҳо дилпурона рафта метавонист.

Шикорчии пир ба таҷрибаи худ умед баста, аз паногоҳ баромад ва ба дунболи Кассий Колхаун равон шуд.

Вале ин дафъа Зеб Стумп саҳв кард. Ҳангоми аз гирди чакалакзори акоқиё гузаштан, ки ҳар ду савора дар паси он ғоиб гардида буданд, ӯ ин хатои худро фаҳмид.

Он тараф минтақаи дашти табошир доман паҳн карда буд, ки савораи бесар аллакай онро тай карда буд.

Зеб мисли сағи шикории дар ангор аз паси кабк такудав карда качмакаҷ асп рондани Колхаунро дида, инро пай бурд. Капитан изро гум карда дар ёфтани он мекушид.

Шикорчӣ аз паси дарахтони акоқиё рустӣ ба ҳар як ҳаракати вай менигарист.

Саъю кӯшиши капитан натиҷа набахшид. Дар дашти табошир ҳеҷ чизро хондан мумкин набуд — ба ҳар ҳол ба Кассий Колхаун барин як пайшиноси бетаҷриба.

Ӯ ин қитъаро ба дарозию паҳноиаш хуб давр зада, зоҳиран аз нияти худ баргаштанӣ шуд ва бадҳашмона аспро маҳмез заду бо шитобу ҷадал ба сӯи Леона раҳсипор гардид.

Ҳамин ки Колхаун аз назар ғоиб гардид, Зеб ҳам ба ҷӯстуҷӯи изи гумшуда шурӯъ намуд, вале бо вуҷуди баркамолии санъаташ, ӯ мебоист тан диҳад.

Сатҳи сап-сафеди дашт, ки офтоб онро пурнур гардонида буд, чашмро хира мекард ва ба чизе сарфаҳм рафтан ғайриимкон буд.

Дигар илоҷ набуд, — шикорчии пир қарор дод, ки сари аспро гардонад ва аз нав бо ҳамон изе машғул шавад, ки онро муваққатан гузошта буд.

Акнун вай комилан боварӣ дошт, ки кашфиётҳои ғалатие ӯро дар пешанд.

Дере нагузашта Зеб ба изи наъли шикастагӣ баргашт.

Ӯ вақтро аз даст надода, тез-тез қадам зада рафтан гирифт. Модиён пештара барин ба дунболи вай равон буд.

Зеб фақат як маротиба истод — ин дар ҳамон ҷое буд, ки ба изи ӯ омадагӣ изи боз ду аспи дигар ҳамроҳ мешуд.

пешина
аз 509
навбатӣ