Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

сарашро дар паси шоху барги дарахти акоқиё панах карда, ба саворан наздик шуда истода бо диққат менигарист.

Вай шахсе буд, ки ба як бор дидан ӯро фаромӯш кардан маҳол буд. Агарчӣ нав снсола шуда бошад ҳам, дар чеҳраи ӯ эҳтиросоти бадгуҳарӣ аллакай тамгаи фаромӯшнашавандаи худро гузошта буд. Ҳозир вай сертараДдуд менамуд — зоҳиран, кадом-як ташвишу изтироби пуразият кайҳо инҷониб ӯро ором намегузошт, агарчӣ дилпур буд ки аз он раҳо меёбад.

Чеҳраи ӯро зебо номидан мумкин буд, ба шарте, ки тамгаи фосидулахлоқӣ дар он разилию фурӯмоягиро ошкор намекард.

Сарулибосаш? Умуман оё ҳоҷати тасвири он аст! Сюртуки кабуди моҳути дӯхташ нимҳарбӣ, фуражка, тасма, ки ба он корди шикорчӣ ва ду таппонча овезон буданд, — ҳаман ин чизҳо ҳангоми тасвири сарулибос ва аслиҳаи Қассий Колҳаун аллакай зикр карда шуда буданд.

Он шахс ӯ буд.

Сабаби худро ақиб кашида, аз вохӯрӣ бо Колҳаун канораҷӯй кардани Зеб силоҳнок будани вай набуд; агарчӣ шикорчии пир ба вай хусумат дошт, вале капитани мустаъфӣ ҳеҷ гуна асосе надошт, ки ӯро душмани худ шуморал. Зеб фақат барои дурусттар дидани воқеаҳои рӯй додаистода ҳамоно дар сояи дарахт меистод.

Колҳаун якзайл бо диққат ба изи савораи бесар нигариста, Зебро Надида гузашта рафт.

Зеб Стумп аз паногоҳи худ набаромада, то даме аз паси ӯ нигоҳ карда монд, ки ҳамон акоқиёҳои савораи якум дар пасашон нопадид гардидагӣ, бо шоху баргҳои нафиси худ низ капитанро панах карданд.

Дар каллаи шикорчии пир фикрҳои нав ба нав пайдо мешуданд, мебоист ӯ тамоми вазъиятро аз нав ҳаматарафа санҷида мебаромад.

Агар пештар ҳам барои ба изи саворан бесар рафтан асосе дошта бошад, акнун ин асос дучанд шуд.

Зеб бисёр фикр накард. Ӯ аз паси Қассий Колҳаун рафтаӣ шуда ба тараддуд афтид. Тадорукот чандон мушкил набуданд: Зеб лаҷомро ба даст гирифта, модиёни пирро лагаде зад ва асп дарҳол сари по хест. Шикорчӣ дар назди вай истода тайёр буд, ки баробари аз назар ғоиб гардидани Колҳаун ҷаста ба зин савор шавад ва аспро ба ялангӣ ронад.

пешина
аз 509
навбатӣ