Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ӯ ҳамин тавр як ё ду сония истода, фикр кард, ки минбаъд чӣ кор кунад.
Ин воқеаи пурдаҳшат ва ногаҳонӣ ӯро гаранг сохт.
Изи наъли шикастаро гирифта пеш равад ё ба дунболи савораи бесар равон шавад.
Изи якум асрори бисёр ҳодисаҳоро кушоданаш мумкин; дуюмаш гӯё ба дил бештар умед мебахшид.
Шояд, савораи бесарро дастгир намояду сирру асрори оворагардии ӯро фаҳмида гирад.
Зеб Стумп ба ин фикру хаёлҳо ғӯтавар шуда қариб абрпоран дуд ва садои тиреро, ки дар дашт баланд гардида буд, фаромӯш карда буд.
Вале ба зудӣ мутаваҷҷеҳи он гардид.
Шикорчӣ ба тарафи дуд баромадагӣ чашм дӯхта чизеро дид, ки аз нав ӯро ба пинҳоншавӣ маҷбур намуд ва бо ҷидду ҷаҳд зери дарахтони ақоқиё руст шуд; модиёни пир ҳамоно мехобид ва аз ваҷҳи вай ташвиш кашидан лозим набуд.
Ин дафъа Зеб одамеро савори асп дид — савораи ҳақиқие ро, ки сараш дар ҷояш буд.
Ӯ ҳоло дур буд ва дар гумон қаду қомати баланди шикорчиро дар байни дарахтони ақоқиё ва алалхусус молиёнро, ки дар рӯи замин мехобид, дида тавонист. Аз рафтораш маълум буд, ки ӯ онҳоро пайхас накард.
Савора каме пеш хам шуда, бо диққат ба замин менигарист.
Бо чӣ машғул буданашро бо осонӣ муайян кардан мумкин буд. Зеб Стумп дар назари аввал инро пай бурд; шахси номаълум ба паи савораи бесар меомад.
— Эҳ, ана гап дар куҷо будааст! — ғур-ғур кард Зеб.— Ба фаҳмидани ин асрор танҳо як ман иштиёқманд набудаам. Боз кӣ чунин хоҳиш дошта бошад?
Зеб дар ёфтани ҷавоби дуруст чандон таъхир накард. Азбаски савора лукка асп меронд, изҳо тоза ва баръало намудор буданд; ба зудӣ ӯ чунон наздик омад, ки шикорчӣ бо осонӣ синча карда ӯро шинохт.
— Иосафат! — ғур-ғур кард Зеб.— Чӣ тавр пештар инро ман пай набурдам! Ва, агар саҳв накунам, ин боз як ҳалқае, ки ба ҷамъ намудани тамоми силсилаи исботҳои зарурӣ ба ман ёрдам мекунад... Ором хоб кун, ҷонвар! Аз ҷоят ҷунбу қандата хӯр! Агар бо пойҳои дарозат лагад парронӣ, каллаатро канда мепартоям!
Зеб ба модиёнаш чунин муроҷиат карду хомӯш гардид ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор