Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Савораи бесар ҳаргиз на аз барои он ки шикорчӣ ӯ аспи лоғари ӯро дид, балки тамоман тасодуфан ба ин тараф рафт.
Вале Зеб ҳар қадар тарсида бошад ҳам, пеш аз он ки савораи пурасрор аз назар ғоиб гардад, ба ҳар ҳол ӯро равшан дид.
Ва ҳар он чи ки барои ҳама рози пинҳонӣ буд, барои Зеб Стумп аён гардид.
Чунин асп ба буттаҳое, ки Зеб дар он ҷо руст шуда буд, баробар шуд, шамол лаби сераперо бардошт ва шикорчӣ дар зери он сарулибоси ба вай нағз шиносро дид. Он блузаи осмониранги сари синааш чин-чин буд. Сарфи назар аз доғҳои арғувонии рӯи он шикорчии куҳансол он блузаро шинохт.
Вале ӯ боварӣ надошт, ки чеҳраи манаҳаш ба рони савора такя кардаро шинохт.
Дар ин ҳеҷ ҷон ҳайрат набуд. Ҳатто модари меҳрубон, ки аз тамошои талъати зебои писараш сер намешуд, акнун онро намешинохт.
Зеб ҳам ӯро нашинохт — вай пай бурд. Асп, зин, серапеп раҳ-раҳ, нимтанан лоҷувардӣ ва аз ҳамон матоъ шим, ҳатто кулоҳи сари вай — ҳамаи ин ба пирамард шинос буд; ӯ андоми савораро, ки дар рӯи зин қоматашро рост гирифта менишаст, низ шинохт. Бо вуҷуди дар ҷои номаълум воқеъ гардиданаш, сар бояд азони ҳамон одам бошад.
Ин рӯъёи яклаҳзагӣ набуд — Зеб савораи аҷибро дурустакак муоина кард; агарчӣ чорнаъл асп тозонад ҳам, ҳамагӣ даҳ қадам дуртар аз шикорчии пир гузашта рафт.
Вале вай на бо гап, на бо ҳаракат савораи дур шуда истодаро маътал кардан нашуд; фақат баъд, ки будаи ин савораро фаҳмида, андӯҳгинона пичиррос зад:
— Иосафат! Пас ин дуруст будааст! Бачаи бечора! Кушта шудааст!
Боби LXXVI
ДАР ДАШТИ ТАБОШИР
Зеб Стумп аз паси савора, ки ҳамоно чорнаъл асп тозонда мерафт, дурудароз аз паноҳгоҳи худ истода назора кард. Фақат ҳамон вақте ки ӯ дар паси анбӯҳи дарахтони ақоқиё паноҳ шуд, шикорчии пир сари по хеста қомат рост кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор