Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Каме дуртар аз балутзор, дар масофаи ягон дусад ярд асп осуда мечарад. Ин ҳамон аспест, ки ба вай савораи бесар савор мебошад; савораи пурасрор пештара барин бар болои ӯ нишастааст; аз он вақте ки маротибаи аввал ӯро дида буданд, на дар сарулибос, на дар зеби шишташ гӯё ягон дигаргунӣ ба амал наомада буд. Серапеи раҳ-раҳ пештара барин ба китфаш партофта шуда буд; дар пойҳояш пештара барин аз пӯсти паланг сокпӯш дорад.
Ӯ саҳл пеш ҳам шуда менишинад, гӯё барои он ки чаридани асп қулайтар шавад. Лаҷом, ки савора ё дар даст нигоҳ медошт ё дар қоши зин андармон карда буд, ба андозае дароз мебошад, ки ба асп халал намерасонад.
Ононе, ки сарашро дидаем гуфта бовар мекунонданд, рост мегуфтанд; низ ононе, ки дар сар сомбрерои сиёҳи давраш бо канораи калобатунӣ оро дода шуда дошт, гуфта тасдиқ мекарданд, ҳақ буданд.
Сар ба сони чапи савора чафс буда, манаҳаш қариб ба зонуи ӯ мерасад. Ҳамеша набошад ҳам фақат аз тарафи чап ба савора нигариста онро дидан мумкин, зеро баъзан сарро лаби серапе паноҳ мекунад.
Баъзан чеҳраашро низ дидан мумкин. Тарҳи он зебо, вале намуди зоҳириаш бадвоҳима мебошад: лабони кабудгаштаи даҳони нимвояш дар ҳолати табассуми бадхайбат карахт шуда, ду қатори дандонҳои сафедро намоён гардондааст.
Агарчи зоҳири худи савора гӯё мисли пештара монда бошад ҳам, вале ба ҳар ҳол, дар он ким-чӣ тағйир ёфтааст.
То ҳол ӯ танҳо мегашт, акнун ҳамроҳон пайдо карда буд.
Гумон аст, ки онҳоро ёрони дилпазир номидан мумкин бошад — даҳ-дувоздаҳ қоют қадам ба қадами ӯ гашта, дар гирду атроф ҷасту хез мекунанд.
Бешубҳа, ки ин ба асп маъқул нест: ҳар гоҳ ягонтои онҳо аз ҳад зиёд наздик биёяд, асп фирик-фирик мекунад ва лагад мезанад.
Вале савора на ба онҳо, на ба селаи паррандагони калони сипеҳ, ки дар болои китфони ӯ давр мезананд, аҳамият намедиҳад. Ҳатто вақте ки густохтарини онҳо ҷуръат намуда, ба китфи вай нишаст, савора ҳамон вақт ҳам даст набардошт, ки ӯро аз худ ронад.
Ин парранда се маротиба ба болои ӯ: аввал ба китфи рост, баъд ба китфи чап ва охири охирон ба мобайн, ба ҳамон ҷое нишаст, ки бояд сар воқеъ гардида бошад.
Парранда дар он ҷо бисёр намешинад. Савора ба ин парво

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор