Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дидааст. Ба ин ҳодисаи аҷиб ва ғайритабиӣ фақат ёфтани эзоҳ мемонду халос.
Фарзу тахмини бисёри то як андоза ба ҳақиқат наздик ва то як андоза бемаънӣ гуфта мешуд. Баъзеҳо инро «ҳиллаи ҳиндуҳо» мегуфтанд, баъзеҳо ҳӯса; баъзеҳо фикр мекарданд, ки ин савораи ҳақиқӣ аст, ки сараш дар зери серапе пинҳон мебошад ва дар он ду сӯрох барои чашм буридаанд. Баъзе касон якравона ба фикри худ истода мегуфтанд, ки савораи бесар худи иблис мебошад.

Ғайр аз саъю кӯшиш ба кор бурда ин воқеаи пурасрорро фаҳмонда додан, боз ҳар гуна тафсилотҳои дигар нақл мекарданд. Ба назари баъзеҳо чунин менамуд, ки дидани сар ё тарҳи қафаси синаи ӯ дар зери серапе ба онҳо муяссар гардидааст. Дигарон тасдиқ карда мегуфтанд, ки онҳо «сарро дар дасти савора дидаанд; баъзеҳо илова карда мегуфтанд, ки дар сараш кулоҳ — сомбрерои сиёҳи ялтосӣ ба давраш канораи калобатунӣ дӯхташуда буд.

Ғайр аз ин, бисёриҳо фаҳмидаӣ мешуданд, ки дар фосилаи пайдошавии савора ва куштори пурасрори Пойндектери ҷавон чӣ гуна алоқа ҳаст.

Қариб ҳамаи онҳо боварӣ доштанд, ки дар байни ин ду сир, бешубҳа, алоқа ҳаст, вале чӣ гуна алоқа буданашро — ҳеҷ кас фаҳмонда дода наметавонист. Аммо он касе, ки инро то як андоза равшан карда метавонист, ҳамоно варача карда мехобид.

Ҳафта бо чунин ғайбату мазамматҳо гузашт ва дар ин байни савораи хаёлиро боз чандин маротиба диданд: ӯ дар дашти кушод гоҳ чорхез асп меронд, гоҳ оҳиста-оҳиста роҳ мепаймуд; аспаш гоҳ истода, ба гирду атроф назар меандохт, гоҳ сар ҳам карда бо ғайрати тамом алафи тару тозаро канда мехӯрд.

Дар бораи савораи бесар воқеаҳои бисёри аз ҳама аҷибу ғариб ва бемаънӣ нақл мекарданд, ки ба такрори онҳо эҳтиёҷ нест; вале як ҳодисаи ҳақиқии барои қиссаи аҷиби мо басе муҳимро овардан лозим аст.

Дар миёни фазои дашти васеъ булутзори начандон калоне масоҳаташ ба се-чор акр баробар дида мешавад. Бошандагони дашт онро ҷазирача меноманд; ва ба атрофи ин порчаи беша ба уқёнуси азими сабз назар андохта, розӣ нашудан мумкин нест, ки ин ташбеҳ мувофиқ аст.

пешина
аз 509
навбатӣ