Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

фикр мегузаронад; «Галаи мустангҳо чарида гаштааст». Дар мавриди дуюм як силсила фикрҳои ҳайратангез дар сараш пайдо мешавад. Ин ё айғири ваҳшие аст, ки аз гала ронда шудааст, ё аспи саворӣ, ки аз қароргоҳи ягон роҳгузар ба дур рафтааст.

Бошандаи пуртаҷрибаи дашт дарҳол чӣ хел асп будани ӯро муайян мекунад.

Агар вай лаҷом дар сар ва зин дар пушт чарида гардад, он гоҳ ҳеҷ шубҳа намемонад. Фақат ақл давонданаш лозим мешавад, ки чӣ тавр аз дасти соҳибаш гурехтааст.

Вале, агар савора бар зин нишаста, асп ба ҳар ҳол чарида гашта истода бошад, дар он сурат фақат фикр кардан дуруст меояд: ӯ — басе каллакаду ва танбалест, ки ақлаш ба фаромадан намерасад, то ба чаридани аспаш ҳалал нарасонад.

Вале агар маълум шавад, ки савора сар, ҳатто ҳамон каллаи кадуро ҳам надорад, дар он сурат ҳазор фарзу тахмин пайдо мешавад, ки аз онҳо эҳтимол, ягонтояш ба ҳақиқат наздик набошад.

Маҳз ҳамин гуна асп ва ҳамин гуна савора дар даштҳои Техаси ҷанубӣ-ғарбӣ дар соли 185... пайдо шуда буд. Солаш аниқ маълум нест, вале, ба ҳар ҳол, ин солҳои 50-ум буд.

Ҷояшро аниқтар нишон додан мумкин: ӯро дар бешазорон ва дар дашти кушод, тахмин дар ҳудуди майдони дарозию васенаш бист миль байни Леона ва Рио-де-Нуэсес вохӯрда бурданд.

Савораи бесарро бисёр касон ва дар вақтҳои гуногун дида буданд. Аввалан, ононе ки Генри Пойндекстер ва котили гумонии ӯро ҷустуҷӯ мекарданд. Дуюм, хизматгори Морис-мустангер, сеюм, Кассий Колхаун шабонаҳо ҳангоми оворагиаш дар бешазорон. Чаҳорум, ҳамон шаб ҳиндуҳои дурӯғӣ. Ва, оқибат, Зеб Стумп шаби дигараш.

Вале касони дигаре низ буданд, ки савораи бесарро дар ҷойҳои дигар ва дар ҳолати дигар дида буданд: шикорчиён, подабонон, посбонони савора. Ин савораи пурасрор ба дили ҳама воҳима меандохт, барои ҳама ӯ асрори тавзеҳнопазир буд.

Дар бораи вай на фақат дар Леона, балки дар ҷойҳои басе дурдаст гап мезаданд. Овозаҳо ба ҷануб то соҳилҳои Рио-Гран-де ва ба шимол то Сабайнал паҳн шуда буданд. Дар ҳақиқат ҳеҷ кас шубҳа намекард, ки савораи аҷибро дидаанд. Ба ин шубҳа кардан — маънии рад намудани шаҳодати дусад кас буд, ки тайёр буданд хаёли хом не, балки ба ҳақиқат будани ин қасам хӯранд. Ҳеҷ кас инкор намекард, ки дар ҳақиқат ӯро

пешина
аз 509
навбатӣ