Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

қалъа ё поселка кофтакукор сар кардан нафъ надорад. Замини он ҷо мисли кӯра пойкӯб мебошад. Аз ҳама нағзаш яку якбора ба дашт рафта, ба роҳи Рио-Гранде баромадан лозим аст. Дар он ҷо изеро, ки кофта гаштаам, ёфтанам мумкин. Ҳа, аз ҳама нағзаш ҳамин.

Шикорчии куҳансол гӯё аз ин қарори худ комилан қаноатманд гардида, ҳам шуда лаҷомро ба даст гирифт ва аз канори паттазор равон шуд.

Зеб ба тарафи дарёи Нуэсес тахминан як миль роҳ тай карда, якбора ба тарафи ғарб гашт; ӯ ин корро осудагона кард ва ин аз он шаҳодат медод, ки вай аз рӯи нақшаи пешакӣ кашидашуда амал менамояд.

Акнун роҳи вай ҳамаи пайраҳаҳоеро, ки ба Рио-Гранде мебурданд, рост бурида мегузашт.

Дар айни замон ҳам қиёфаи шикорчӣ, ҳам ифодаи чеҳраи ӯ тағйир ёфтанд. Ӯ дигар парешонҳотирона ба гирду атроф назар намеандохт. Зеб ҳам шуда бо диққат ба алафи таги пояш зеҳн мемонд.

Ӯ ба ҳамин минвол тахминан як миль роҳ паймуд, вале нохост ким-чӣ ӯро маҷбур намуд, ки як қад парида лаҷоми аспро кашад.

Модиён бо майли тамоми истод. Зеб часта аз асп фуромад, ду қадам пеш гузошт ва сари зону истод. Баъд наълро аз киса баровард, ба рӯи изи сум, ки дар рӯи алаф барҷало намудор буд, гузошт.

— Худи худаш! — бо тантана даст афшонда хитоб намуд шикорчӣ. — Чин занад, агар ин ҳамин тавр набошад!... Айнан худаш! — пас аз он ки наъли шикастагиро ба рӯи изи нопурра гузошт ва аз нав онро бардошт. — Ана изи хоин ва мумкин қотил!

Боби LXXIII

ҶАЗИРАЧАЕ ДАР ДАШТ

Галаи иборат аз сад сар асп ва зиёда аз он, ки бофароғат дар дашт чарида мегардад, — албатта, манзараи бошукӯҳест, вале ин бошандаи сарҳаднишини Техасро дар тааҷҷуб намемонад. Баръакс, агар вай дар дашт танҳо чарида гаштани аспро бубинад, басе беш дар ҳайрат мемонад. Дар мавриди аввал ӯ аз

пешина
аз 509
навбатӣ