Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Аз ман ягон чиз фаҳмида гирифта наметавонанд, мистер Стумп. Кавлам якто.

— Медонам, майор, инро медонам. Барои иштироки некхоҳонаатон ба шумо ташаккур! Кошки шумо барин касон дар Техас бисёртар мебуданд!

Шикорчӣ бо майор хайру манзур карда, ба майдон баромад, ки дар он ҷо ӯро модиёни пираш мунтазир буд.

Ӯ аз поселка баромада, ба ҳамон роҳе тоб хӯрд, ки ба ин ҷо омада буд.

Каме дуртар аз ҳудуди плантацияи Пойндекстер Зеб водии Леонаро пас гузошта, аз кӯтали рост ба ҳамвории болой баромад.

Ӯ ба канори паттазор расид ва дар сояи дарахтони акоқиё қарор гирифт. Шикорчӣ аз асп нафуромад ва гӯё аз асп фуромаданӣ ҳам набуд. Ӯ дар рӯи зин нишаста, каме пеш хам шуда, бо он нигоҳи парешонхотиронае ба замин нигоҳ кард, ки одамон дар дақиқаи ба фикру хаёл фурӯравӣ одатан ҳамин тавр нигоҳ мекунанд.

— Чин занад! — ғур-ғур кард вай.— Аҷиб... Аспи Колхаун ҳамон шаб набудааст ва дар обу арақ ғӯтида ба хона баргаштааст. Ин чӣ маънии дошта бошад? Агар вай дар ҳамин кор шарик набошад, ба ҳафт пуштам лаънат! Ман ҳамин тавр фикр мекардам, вале тахмин кардан аз ҳад зиёд бемаънӣгӣ мебуд, ки Колхаун тагобачаи худро куштааст. Албатта, вай ба ҳар гуна бадкирдорӣ қодир аст, лекин фақат дар сурате, ки он ба вай суде бахшад. Аз ин ба ӯ чӣ нафъ? Агар асиенда ба Генри мегузашт, дар он сурат гап дигар буд. Вале ин тавр не.

Акнун на ягон акр замин ба Пойндекстери пир тааллуқ дораду на ягон зангӣ. Инро ман яқин медонам. Ин хабис ҳамаашро соҳиб кардааст. Аз писари тагояш халос шудан ба вай чӣ лозим буд? Ана чӣ ба тахмину гумони ман сардаргумӣ меандозад. Ба андозаи, ки ман медонам, пеш ҳеҷ гоҳ дар байни онҳо хусумат набуд. Духтар, албатта, ба вай чандон ҳусни таваҷҷӯҳ надорад ва ин ба вай маъқул не. Вале аз куштани додари духтар ба вай чӣ нафъ? Ба болои ин боз мустангер олуда шуд. Баъд муноқишае, ки дар бораи он Луиза ба ман гуфт ҳиндуҳои сохта, ин духтари мексикой, савораи бесар ва худо медонад кӣ бо чиҳо! Иосафат! Ин каллай беҳтарин адвокати Техасро гаранг карданаш мумкин... Аммо вақтро аз даст додан лозим нест. Бо ин наҳли дастам, шояд, ёфтани калиди кушоиши воқеаи хунин ба ман муяссар гардад. Вале ба куҷо равам?—Зеб гӯё ҷавоб ёфтагӣ шуда ба гирду атроф назар андохт.—Дар чегарахои

пешина
аз 509
навбатӣ