Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Фақат саршавии судро қафо партоед, майор, дигар ҳеҷ чиз.
— Чанд рӯз? Шумо медонед, ки мурофиаи суд бояд мувофиқи тартиби қонунии худ равад. Ман ба судьяи округ ягон фармон дода наметавонам, агарчи, эҳтимол, ӯ ба фикри ман гӯш кунад. Вале ба вай онҳое, ки зудтар ба ин кор хотима гузоштанро талаб мекунанд, таъсир расонданашон мумкин.
— Дар хусуси кӣ гап заданатонро медонам. Сардори онҳоро медонам; ва, шояд, суд тамом нашудан пеш, худаш ба ҳараки гунаҳкорон нишинад.
— Наход! Пас, шумо фикр намекунед, ки он чор мексикӣ...
ин корро кардаанд...
— Ҳоло ҳамин тавр будану набуданашро ман гуфта наметавонам, майор. Ман фақат медонам, ки онҳо ба ин кор шарик мебошанд, вале ба сардор будани онҳо шубҳа мекунам. Ман ҳам сардорашонро ёфтаниям. Се рӯз ба ман ваъда карда метавонед?
— Се рӯз? Барои чӣ?
— Барои се рӯз қафо партофтани саршавии суд.
— Ба фикрам, ин аз дастам меояд. Ӯро ҳукуматдорони ҳарбӣ ба ҳабс гирифтаанд. Агар ҳатто суди олӣ талаб кунад, ки мустангер ба суди гражданӣ дода шавад, ман ҳама вақт се рӯз инро боздошта метавонам. Ман ба шумо инро ваъда медиҳам.
— Майор, бо шумо гап зада, кас мехоҳад, ки ҳолати ҳарбӣ эълон карда шавад! Мавридҳое мешаванд, ки ин илоҷи аз ҳама беҳтар, агарчи ба мо, гражданӣҳои озод ин маъқул нест. Ба шумо ҳаминро гуфтанам мемонад, ки агар шумо судро ягон се рӯз қафо партоед, он гоҳ ба курсии айбдор шахси ҳозир ҳабсбудагӣ не, балки дигар кас нишастанаш мумкин, агарчи вай ҳозир намедонад, ки аз ӯ гумонбаранд. Кӣ буданашро аз ман напурсед. Фақат гӯед, ки ба ман се рӯз мӯҳлат медиҳед?
— Ман инро ба шумо ваъда медиҳам, мистер Стумп. Агар ҳатто ин боиси истеъфои ман гардад ҳам, қавли офицерӣ медиҳам, ки дар давоми се рӯз Морис-мустангер аз гауптвахта намебарояд. Гунаҳкор мебошад ё не, вале дар ин муддат дар зери ҳимояи ман хоҳад буд.
— Шумо одами нағз ҳастед, майор! Агар ягон вақт беандоза миннатдор буданамро ба шумо исбот нанамоям, аз ҷоям сиҳат нахезам! Ман дигар гапи ба шумо мегуфтагӣ надорам, фақат хоҳишмандам, ки ҳамаашро маҳфӣ нигоҳ доред. Одамоне ҳастанд, ки агар аз мақсади ман огоҳ шаванд, замину осмонро чаппа мекунанд, ки ба ман халал расонанд.

пешина
аз 509
навбатӣ