Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ба шумо арз кунам, майор ки ҳоло ягон навигарии махсус нест, — гуфт Зеб, — вале ба ҳар ҳол як сари қадам ба қалъа даромаданро зарур донистам, агарчи то даштро дида набароям, ин корро кардани набудам. Ман даромадам, ки бо шумо маслиҳат кунам.
— Бисёр нағз кардед. Гӯшам ба шумо.
— Ман аз шумо илтимос карданиями, ки саршавии мурофиаи судро ба ҳадди имкон кашол диҳед. Медонам, ки дар ин кор баъзе касон шуморо ҳадаҳа мекунанд, вале инчунин медонам, ки ин дар ҳукми шумост ва шумо ин корро бо дилу ҷон мекунед.
— Гапатон дуруст: ҳар чи ки аз дастам меояд, мистер Стумп, бо дилу ҷон иҷро мекунам. Вале охир шумо медонед, ки дар мамлакати мо ҳукуматдорони ҳарбӣ ҳама вақт ба ҳукуматдорони гражданӣ итоат мекунанд, ба истисно дар ҳамон сурате, ки ҳолати ҳарбӣ ҷорӣ карда мешавад: аз ин ҳатто дар ин ҷо, дар Техас худо моро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ман ҳуқуқ дорам, ки ба вайрон кардани қонунҳо момониат намоям, вале ба муқобили худи қонун баромада наметавонам.
— Асло қонунро вайрон накунед. Ҳеҷ ин тавр накунед, майор. Фақат ҳамин лозим, ки шумо ба муқобили онҳое бароед, ки қонунро ба дасти худ гирифта, ба нафъи худ таҳриф кардани мешаванд. Дар поселкаи мо ин хел одамон ҳастанд ва агар пеши онҳо гирифта нашавад, яқин ин корро мекунанд. Хусусан як нафари онҳо хеле хатарнок аст ва кӣ буданашро медонам, — ба ҳар ҳол ман пай мебарам.
— Кист вай?
— Ман медонам, ки майор аз шумо дилпур шудан мумкин.
— Мистер Стумп, дилатон пур бошад, гап дар байни ҳардуямон мемонад. Оромона гап задан гиред.
— Гап ҳамин ки фикри ман қотил Морис-мустангер не.
— Чӣ тавре, ки шумо аллакай медонед, фикри ман ҳам ҳамин. Ҳама гапи мегуфтагӣнатон ҳамин?
— Ман боз баъзе чизҳои дигар ҳам илова карда метавонам, майор. Вале, ба фикрам, ҳоло нафъ надорад — охир ин фақат тахмини ман, он хато буданаш мумкин. Нағзаш, ки то ба Нуэсес рафта омаданам, дар ин бора гап намезанам. Пас аз ин ҳар он чи ки ҳозир медонам ва он чи ки, шояд, дар дашт донистани онҳо ба ман муяссар гардад, хурсандона ба шумо ҳикоя карда медиҳам.
— Маро, гӯед, ман бо дилу ҷон мунтазири гашта омадани шумо мешававам, алалхусус шумо ба нафъи адолат амал мекунед. Вале шумо аз ман чӣ муддао доред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор