Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Воқеан, ҳақиқатан вақтам кам, — гӯё якбора нияти худро дигар карда гуфт Зеб. — Нағзаш то гашта омадани ман наълзаниро мавқуф мегузорем. Шояд бенаъл ҳам ба аспаки ман ҳеҷ балову қазо нашавад. Мо ба дашт меравем, роҳи он ҷо мулоим ва бо вай ҳеҷ ҳодиса рӯй намедиҳад.

Зеб аз оғилхона ба рӯи ҳавлӣ баромад ва ба осмон нигоҳ кард.

— Ҳа, вақти рафтан шуд. Як дақиқа ҳам дер кардан лозим нест. Хӯш, азизакам, акнун кафша бас! Ба ҷои ҷуворимакка ана ин оҳанҷаро ба даҳон гирифтан лозим меояд. Ана офарин!

Ба ҳамин тариқа гоҳ ба Плутон, гоҳ бо асп гап зада Зеб аз нав сулукро ба даҳони ӯ даровард ва аз ҳавлӣ баромада, часта ба зин нишасту ба роҳ афтод.

Боби LXXII

ЗЕБ СТУМП ПАЙ МЕГИРАД

Шикорчии пир аз дарвозаи Қаса-дель-Корво баромада, ба саргаҳи дарё ба тарафи қалъа роҳ пеш гирифт.

Чоряк соат нагузашта ӯ ба он ҷо расид. Зеб часта аз зин фуромад ва ба сӯи хонаи майор равон шуд.

Ба мулоқоти коменданти қалъаи Инҷ ноил гаржидан ба шикорчии пир кори мушкил набуд. Ҳарбиён ба Зеб Стумп бо эҳтиром муомила мекарданд ва кадом вақти рӯзу шаб набошад даромаду баромад ба вай иҷозат буд — ӯ метавонист номи шабро нагуфта ба қалъа дарояд ва ба дигар расмиятҳое, ки барои ашхоси бегона муқаррар карда шуда буданд, риоя накунад. Посбонон як одами худашон барин ӯро роҳ доданд. Бо офицери навбатчӣ саломалек кард; адъютант бошад дарҳол аз омадани ӯ ба майор хабар дод.

Аз рӯи аввалин суханоне, ки майор ба шикорчии пир муроҷиат кард, дида мешуд, ки маҳтали омадани ӯ буд:

— Ҳа, мистер Стумп! Шодам ки ба ин зудӣ шуморо мебинам. Оё шумо ин кори аҷибро маълум кардед? Аз рӯи зуд гашта омаданатон пай мебарам, ки навигарие ҳаст. Умедворам, ки барои ин ҷавони барнои бечора ягон чизи шодибахше ҳаст? Сарфи назар аз он ки бисёр чизҳо ба зарари ӯ далолат мекунанд, ба ҳар ҳол ман ба ақидаи пештараам меистам — вай гунаҳгор нест. Хӯш, чӣ фаҳмидед?

пешина
аз 509
навбатӣ