Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Зеб ин суханонро гуфту корди калони шикорчигии худро аз гилоф баровард ва нӯги онро ба зери наъл тикқонда, онро аз сум ҷудо кард ва ҳамроҳи ҳамаи мехҳо ба яке аз кисаҳои бетаги нимтанаяи худ андохт. Пас бо як ҳаракати чолокона ӯ арғамчинро кушод ва оқибат аспи кранд озодона нафас гирифта тавонист.
Баъди як дақиқа Плутон таоми фаровон бардошта омад. Дар рӯи лаълӣ 1 стакан виски низ меистод. Зеб дарҳол ба хӯрдани таом сар карда ва ҳар чӣ ки дар ғайби Плутон дар оғилхона рӯй дода буд, гап назад.
Вале Плутон дарҳол пай бурд, ки бо кранд ким-чӣ гуна ҳодисаи нобобе рӯй медиҳад: дар ҳолате ки аъзои баданаш меларзид, ҳаросон ба гирду атроф назар меандохт.
— Вой-вой! — хитоб намуд зангӣ. — Бо ӯ чӣ гап шуда бошад? Гӯё вай аз шумо метарсад, масса Стумп.
— Шояд... — бо фориғболии рӯякӣ мад кашида гуфт Зеб. — Аз афташ, ӯ каме аз ман метарсад. Вай модиёни пири маро газидани шуд, ман барои ин кораш боб карда як-ду бор ӯро бо арғамчин фуровардам. Ана ҳамин ба вай маъқул нашуд.
Плутон аз ин гап комилан қаноат ҳосил намуд ва гуфтугӯ дар ин мавзӯъ қатъ гардид.
— Плутон, гӯй ки аспони шуморо кӣ наъл мекунад? — аз нав ба гап сар кард Зеб. — Эҳтимол, шумо худатон оҳангар дошта бошед?
— Набошад чӣ — худамон оҳангар дорем. Чеки Зард онҳоро наъл мекунад. Чаро шумо инро мепурсед, масса Стумп?
— Модиёни пирамро наъл карданам лозим. Шояд, Чек ба хотири ман не нагӯяд.
— Набошад чӣ, албатта.
— Ба фикри ту, барои ду пон ӯро наъл кардан чӣ қадар вақт лозим аст?
— Оҳ, хеле кам, масса Стумп! Чек оҳангари нағз, инро ҳама мегӯяд.
— Наҳли тайёраш бошад? Аспони шуморо кай наъл карда буд?
— Аз як ҳафта зиёдтар шуд, маста Зеб. Аз ҳама охир ӯ аспи мисс Луиза, мустанги гули бодоми хушандомро наъл карда буд. Вале ҳеҷ гап не — ӯ боз наълҳои тайёр дорад. Ман инро нағз медонам, — охир крандро наъл карданаш лозим. Як наҳли ӯ шикастагӣ. Аз шикастани он аллакай даҳ рӯз гузашт. Мастер Колҳаун фармуд, ки он наълро кашида гиранд. Ба Чек гап заданашро ҳамин пагоҳӣ шунидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор