Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Лаънат ба ту, палиди мурдор! — бадхашмона фарёд зад Зеб. — Як дақиқа ором истода наметавонӣ! Ҳеҷ кас туро озор доданӣ нест. Хуш-хуш — шӯхӣ накун, ҷонвар! — гуфт ӯ навозишкорона. — Ман фақат наълҳоятро мебинам.

Ӯ боз пои айгирро бардостанӣ шуд, вале асп намонд.

— Инашро ҳеҷ чашмдор набудам, — ғур-ғур кард Зеб ва гӯё ба умеди ёфтани чорае ба атроф назар анвард. — Чӣ бояд кард? Зангиро ба ёрӣ чеғ задан ҳеҷ мумкин нест. Вай дар ин бора набояд воқиф шавад. Шитоб кардан лозим, ки ӯ маро дар ғафлат наёбад, набошад ҳамаашро пай мебарад. Чӣ занад ин ҳайвонро! Чӣ тавр сумҳои ӯро аз назар гузаронам?

Шикорчӣ якчанд дақиқа хомӯш истод — ӯ дар ғояти гарангӣ буд.

— Лаънат ба ин махлуқи мурдор! — аз нав хитоб кард вай. — Ҷо ба ҷо зада куштанам меояд!.. Ҳа, шуд! Ёфтам! Фақат зангӣ ба ман халал нарасонад шудааст. Умед мекунем, ки Флоринда ӯро банд мегирад. Ҳоло ист, чунон кунам ки аз ҷоят наҷунбӣ, ё буғӣ карда мекушамат! Ҳарчанд дасту по занӣ ҳам, аз ин аргамчин халос хӯрда наметавонӣ!

Зеб ин суханҳоро гуфта лассоро аз қоши зин гирифт ва ба гардани аспи кранд партофт. Баъд нӯғи дигари онро сахт кашид.

Асп фириккоскунон дар ҷояш ба дасту по задан даромад. Вале ба зудӣ фириккос ба садои хуштаккашӣ табдил ёфт, ки базӯр аз сӯрохҳои бинии ӯ мебаромад. Хашму газаби асп ба тарсу воҳима иваз шуд.

Зеб акнун бепарво ба ҷои асп истодагӣ даромада метавонист. Ӯ нӯғи аргамчинро кашида сахт баста, ҳар суми аспро саросемавор, вале бодиққат аз назар гузаронидан гирифт. Вай шакли сум, наъл, миқдор ва тарзи ҷойгиршавии меҳҳо — хулласи калом, ҳар он чиро ки барои шинохтани изҳои ин асп ёрдам карда метавонист, дар хотир нигоҳ дошт.

Вақте ки навбат ба пои чапи қафо расид (Зеб онро аз ҳама охир аз назар гузаронид), вай нохост аз тааҷҷуб ва хурсанӣ фарёд зад. Баробари дидани наъли шикаста, ин нидо аз даҳони шикорчии пир баромада монд; қариб аз чор як ҳиссаи он набуд — наъл аз меҳи дуюм шикаста буд.

— Агар ин хел будани туро медонистам, — ба наъли шикаста муроҷиат намуда ғур-ғур кард ӯ, — ман худамро заҳмат дода, наълҳои дигарро намеомӯхтам. Гумон аст, ки кас изи туро нашиносад. Аммо ба ҳар ҳол, барои он ки хато накунам, туро гирифта ҳамрохам мебарам.

пешина
аз 509
навбатӣ