Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Қабеҳе дод, ки мондан гиред! Плутон то ҳол ҳеч гоҳ масса Колхаунро ин гуна оташин надида буд, ҳеч гоҳ!

— Ҳозир вай дар куҷост? Имрӯз дар ягон ҷо наменамояд.
Модоме, ки аспи кранд дар ҳамин ҷост, пас, ӯ ба ҳеҷ куҷо нарафтааст.

— Ба худо қасам, масса Стумп, ӯ ҳозир дар ин ҷо нест; навакак баромада рафт. Вай акнун ҳар замон ба ким-куҷо баромада меравад ва дуру дароз барнамегардад.

— Савора?

— Ҳа. Вай акнун аспи хокистаррангро савор шуда мегардад. Дигар ба аспи кранд савор намешавад. Аз ҳамон шаб ин ҷониб ӯ фақат як маротиба онро савор шуд. Шояд, ба кранд дам доданӣ бошад.

— Гӯш кун, Плутон, — пас аз чанд дақиқа фикр кардаи гуфт Зеб, — ҳақиқатан нағз мешавад, агар модиёни пири ман боз каме ҷуворимакка нӯши ҷон карда қувват гирад. Бекора нагуфтаанд: «Оҳиста равӣ, дур меравӣ». Бигузор кайф карда хӯрад. Ҳоло ки вай кафша карда истодааст, ман ҳам ба ҳамин кор машғул шуда метавонам. Тохта ба ошхона рафта бин ки ягон чиз ҳаст ё не. Як бурда гӯшти яхнӣ ва як пора нон бошад — шудаст. Бонуи ту маро зиёфат карданияш буд, вале ман тарсидам, ки дер мемонам ва не гуфтам. Ҳоло бошад тотуякамро маътал шуда менистам — то ғизо хӯрдани ӯ ман ҳам устухонеро хонда, қувват мегирам.

— Дуруст, масса Стумп, ман дар як сония рафта меоям.

Плутон ин суханонро гуфта, аз рӯи ҳавлӣ ба сӯи ошхона давид. Зеб Стумп дар оғилхона танҳо монд.

Баробари аз оғил баромадани зангӣ дар чеҳраи шикорчӣ пир аз бепарвогие, ки бо он суханашро тамом карда буд, осоре ҳам намонд. Ин бепарвогии сохта буд, ки акнун ба чеҳраи ҷиддии вай нигариста, бо осонӣ пай бурдан мумкин буд.

Зеб аз рӯи тахтафаршҳои сангии оғилхона қадам зада, ба назди айғири кранд истодагӣ расид.

Асп ба як тараф ҷаҳид ва дар ҳолате, ки дарақ-дарақ меларзид, худро ба девор ҷафс кард — зоҳиран, аз он қиёфаи ҷиддӣ, ки шикорчӣ ба ӯ наздик шуда буд, ҳаросида буд.

— Ором шав, ҷонвари беақл! — ғур-ғур кард Зеб. — Ман ба ту ягон зарар намекасонам. Бадфеълият соҳибат барин!
Ором бош, ба ту мегӯям! Ист наълҳоятро аз назар гузаронам.

Зеб инро гуфту ҳам шуда, пои пеши аспро бардоштанӣ шуд. Ин ба вай муяссар нагардид: асп гӯё аз чизе ҳаросида нохост ҷуфтак парронда, фирҷккос задан гирифт.

пешина
аз 509
навбатӣ