Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ҳа-ҳа! Ким-кӣ савор шуда буд.
— Гӯш кун, Плутон. Ба фикрам, ту рост мегӯӣ ва ҳақиқатан намедонӣ, ки он шаб крандро кӣ савор шуда буд. Вале ба гумонат, он шахс кӣ бошад? Ту охир медонӣ ки мистер Пойндекстер дӯсти ман аст ва ман намехоҳам, ки ягон кас бе рухсат аспони ӯ ва инчунин аспони капитан Колхауиро гирифта барад. Эҳтимол, аз зангҳои плантация ягон кас хилват ҳайвони безабонро гирифта бурда, хуб дар дашт тозонда бошад. Ҳамту не?
— Не, масса Стумп, зангӣ гумон намекунад, ки кор ҳамин тавр шуда бошад. Аз плантация ба ин ҷо омадани зангҳо манъ аст. Онҳо ба оғилхона ҷуръати даромадан намекунанд. Ягон зангӣ аз плантация аспи крандро бароварда набурдааст.
— Чин занад, набошад кӣ ӯро савор шудааст? Шояд, назоратчӣ бошад? Ба ин ту чӣ мегӯӣ?
— Не, вай ҳам не.
— Пас, ба ғайр аз соҳиби асп дигар ҳеҷ кас савор нашудааст. Агар ҳамин тавр бошад, дар он сурат ҳоҷати ғам хӯрданам нест. Ихтиёраш, ба куҷое, ки хоҳад аспашро тозонда гардад. Инаш кори ман не.
— Кори ман ҳам не, масса Стумп. Оҳ, афсӯс, ки ҳамин пагоҳӣ ин ба хотирам наомадааст!
— Чаро афсӯс мехӯрӣ? Ин пагоҳӣ чӣ воқеа рӯй дод?
— Оҳ, ин пагоҳӣ чӣ воқеа рӯй дод! Бо ин зангӣ бадбахтии калон рӯй дод. Бадбахтии хеле калон!
— Охир чӣ гап шуд?
— Оҳ, масса Стумп, маро имрӯз бо лагад заданд. Расо пас аз як соати нисфи рӯз.
— Бо лагад заданд?
— Чунон лагаде заданд, ки ман аз ин сари оғилхона ғелида то он сараш рафтам.
— Ҳа, фаҳмидам: туро асп лагад задааст. Кадомаш?
— Наёфтед. Асп не, балки соҳибаш — ба ғайр аз ана ҳамин мустанги гули бодом, соҳиби ҳамаи аспҳои ин оғилхона. Масса Колхаун маро бо пой зад.
— Чин занад, барои чӣ? Ту, шояд, ягон кори нораво карда бошӣ, дӯстам?
— Зангӣ ягон кори бад накардааст. Ӯ фақат аз капитан пурсид, ки ҳамон шаб бо аспи вай чӣ воқеа рӯй дод: пурсид, ки чаро ӯ ин қадар шалпару бемадор буд. Вай бошад гуфт, ки ин кори ман нест ва маро бо лагад зад; баъд қамчинкорӣ кард; сомонӣ таҳдид намуд. Гуфт, ки агар дар ин бора боз даҳан кушоям, маро сад тозиёна мезанад. Ӯ ҳақорат дод. Оҳ, чунон ҳақоратҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор