Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ба ӯ кам муяссар мегардид — ва Зеб аз ноилоҷӣ бо тамоми қувва лаҷомро кашид, ки ҳайвони якравро аз охур дур кунад.
— Вой-вой, масса Стумп, сухан сар кард Плутон, — чаро ин қадар шитоб мекунед? Модиёни бечора ҳанӯз гурусна аст. Бигузор шикамсерӣ ҷуворимакка хӯрад. Ин ба вай зарар намекунад.
— Вақт нест, ман ба роҳи дур меравам. Қамаш сад миль тай карданам лозим, вақт бошад аз ду соат камтар мондааст.
— Наход, масса Стумп! Бисёр тез асп ронданатон дуруст меояд. Шӯхӣ намекунед?
— Не, ман ҷиддӣ мегӯям.
— Аҷиб, дар ин даштҳо чаро ин қадар босуръат асп меронанд? Ана ҳамон аспак ҳам, шояд, дар як шаб дусад миль роҳ тай карда бошад.
— Кадом аспак?
— Ана он аспи кранде, ки назар аз аспони дигар, аз дар дуртар истодааст. Аспи масса Колхаун.
— Чаро фикр мекунед ки дусад миль тохтааст?
— Барои он ки дар кафк ғӯтида буд. Ӯ бисёр монда шуда буд ва ҳангоме, ки ӯро барои обхӯрӣ ба лаби дарёча мебурдам, базӯр аз пасам қадам партофта мерафт. Мисли гӯсолаи навзо дам ба дам пешпо мехӯрд. Вай, ҳолу мадор надошт!
— Плутон, ин кай буд?
— Кай буд? Истед ба хотир биёрам... Ҳа, албатта, ин ҳамон вақти масса Генри гум шудагӣ буд, — пагоҳӣ барвақт, пас аз як соати офтоб баромадан. Дар оғил будану набудани аспи крандро намедонам, чунки субҳидам аз хона баромада рафта будам. Вақте, ки ба оғил даромадам, асп аз дарё гузаштагӣ барин шип-шилтиқ тар ва аъзои баданаш пур аз кафк буд; ва чунон сахт-сахт нафас мегирифт, ки гӯё навакак дар Орлеани Нав чор миль пойга тохта бошад.
— Он шаб ӯро кӣ савор шуда буд?
— Намедонам, масса Стумп. Ба ғайр масса Колхаун ӯро дигар ҳеҷ кас савор намешавад. Хо, ҳо! Ҳатто ҳеҷ кас ҷуръати саворшавӣ намекунад.
— Набошад, вай худаш савор шудааст?
— Намедонам, масса Стумп, ҳеҷ чиз намедонам. Капитан кай ӯро аз он ҷо баровард ва чӣ тавр гашта ба он ҷо даромаданашро ба чашмам надидам.
— Агар ту гӯӣ, ки ба обу арақ ғӯтида буд, пас ягон кас бояд ба ӯ савор шуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор