Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
як чакра борон ҳам наборидааст ва ҳатто изҳое, ки як ҳафта пеш гузошта шудаанд, изи дирӯза барин онҳоро бо осонӣ хондан мумкин. Албатта, ҳар кас ҳам ба онҳо сарфаҳм намемеравад.... Хӯш, акнун вақти рафтанам шуд, мисс Луиза. Ман як дақиқаина ба назди шумо омада будам, ки воқеаҳои дар қалъа шуда истодаро ба шумо гуфта диҳам. Вақтро аз даст додан лозим нест. Имрӯз пагоҳӣ моро ба назди мистер Морис гузоштанд; фикраш равшан шуда истодааст. Фақат маҳтали ҳамин ки мурофиаи судро талаб кунанд. Шояд, ин пас аз се-чор рӯз барпо гардад. То сар шудани суд гашта омаданам лозим.
— Равед, Зеб ва худованд дар ин кори хайр ба шумо мададгор бошад! Бо далелҳое баргардед, ки бегуноҳии ӯро исбот кунанд... Ман ҳамчун барои... не, бештар аз он миннатдор мешавам, ки гӯё ҷонамро наҷот дода бошед.
Боби LXXI
АСПИ КРАНД
Шикорчӣ аз ин суханони пурҳарорат рӯҳбаланд гардида, ба сӯи оғил шитофт, ки дар он ҷо модиёни бесулакаяш меистод. Модиён ҷуворимакка мехӯрд, ки Плутон хасисӣ накарда, ба пешаш фаровон рехта буд.
Плутон дар ҳамон ҷо дар назди модиён меистод. Аспбоии одатан серҷоғ, ин дафъа камгап буд. Зоҳиран, вай аз ким-чӣ малул буд.
Вазъи ӯро фаҳмидан душвор набуд. Талафи хоҷаи ҷавони ба ҷон баробар, ғаму андӯҳи бонуи ҷавон, ки низ ба вай хеле содиқ буд, тамасхрҳои таҳқиромезонаи Флорида, ки вақтҳои охир дам ба дам ӯро маломат мекард ва, эҳтимол, зарбаи мӯзаи Кассий Колхаун, ки акнун тарзе рафтор мекард, ки гӯё асиенда азони ӯ буд, — ҳамаи инҳо комилан шарҳу баёни кайфу ҳоли андӯҳгинонаи Плутон шуда метавонистанд.
Зеб чунон ғарқи фикру хаёли худ буд, ки қиёфаи малули ғуломро надида монд. Ӯ аз саросемагӣ ҳатто намонд, ки модиёнаш дурустакак шикамашро бо ҷуворимакка сер кунад. Зеб аз тумшуқи асп дошта, сулуки зангзадаро ба байни дандонҳои ӯ тикконд, гӯшҳои дарозашро аз байни тасмаҳои кафидаи лаҷом гузаронд ва зуд сари ӯро гардонида, аз оғил баровардани буд.
Модиён пойҳояшро тиргак кард — хӯрдани чунин хӯроки бомазза

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор