Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мерафтам. Ман одатан дар он ҷойҳо шикор намекунам. Фақат баъзан мешуд, ки барои гуногунӣ ба шикори мурғи марҷони ваҳшӣ ё гавазн — дар лаби ин дарёча онҳо бисёранд, ба он ҷо мерафтам. Агар шумо фикри маро пурсед, ба гумонам, ин духтар пештар ҳеҷ гоҳ ба он ҷо нарафтааст. Дар ҳар ҳол, ман дар ин бора ҳеҷ чиз нашунидаам. Агар мерафт, Фелим, пӯкида мемонд. Ман аз ҷинси зан ба ин кулба ба меҳмонӣ рафтани фақат як касро шунидам.

— Кӣ? — зуд пурсид креолдухтар ва дарҳол аз саволи додааш пушаймон шуд. Вақте ки ӯ нигоҳи пурмазмуни Зебро дид, гуноҳояш суп-сурх шуданд. — Вале ин аҳамият надорад, — маътали ҷавоб нашуда давом намуд ӯ. — Пас, Зеб, шумо фикр мекунед, ки ин одамон, ин мексикоиҳо, дар куштани додари ман шарик мебошанд?

— Росташро ба шумо гӯям, мисс Луиза, чӣ фикр карданамро ҳам намедонам... То ҳол дар дашт чунин воқеаи пурасрор рӯй надодааст. Баъзан ба назарам чунин менамояд, ки ин кори мексикоиҳо мебошад; баъзан фикрҳои дигаре ба сарам меоянд ва онгоҳ ба назарам чунин менамояд, ки ба ин кори зишт каси дигаре даст задааст. Ман кӣ буданашро ҳоло намегӯям.

— Фақат вай не, Зеб, фақат вай не!

— Не, ин кори мустангер не — ӯ ба ин кор ҳеҷ дахл надорад. Агарчи бисёру чизҳо ба муқобили вай далолат мекунанд, ман ба бегуноҳии ӯ ҳаргиз шубҳа наменамоям.

— Оре, вале ӯ чӣ тавр бегуноҳии худро исбот карда метавонад? Мегӯянд, ки ҳамаи далелҳо муқобили ӯ мебошанд. Ва касе барои ҳимояи ӯ даҳон кушоданӣ нест.

— Не, тамоман ин тавр не. Ҳанӯз дастам нарасидааст, ки ин корро дурустакак муайян кунам — ҳеҷ вақтам набуд: аз маҳбас ва ҳама чизҳои дигар чашм намекандам — вале акнун ин имконият ҳаст ва ман онро аз даст намедиҳам. Дашт, мисс Пойндекстер, — ин китоби калони шавқангезест, фақат аз рӯи он хонда тавонистан лозим. Агарчи Зеб Стумп чандон одами боҳату савод набошад ҳам, вале ин ҳикматро дарк кардааст; шояд, ба вай муяссар гардида, шаҳодате пайдо кунад, ки дар рӯи алафи дашт титу парешон хобида бошад. Шояд, дар соҳилҳои Аламо ягон чиз дониста гирифтан муяссар гардад.

— Ба фикратон, ягон осор ёфта метавонед?

— Ба дашт рафта, ҳама ҷоро дурустакак дида баромадан лозим — хусусан ҳамон ҷоро, ки мустангерро аз чанголи паланг наҷот дода будам, вале сабаби ин корро карда натавонистанамро аллакай ба шумо гуфтам. Худоро шукр, ки дар ин байни

пешина
аз 509
навбатӣ