Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Боз сабаби дигаре ҳам буд. Ман аз қалъа дур рафтан намехостам — метарсидам, ки дар ғоибам ягон ҳодисаи бад рӯй надиҳад. Мефаҳмед? Ва ғайр аз ин, ман фикр мекардам, ки ҳоло корро ба охир расонидан барвақт мебошад. Хостам ин корро бехато анҷом диҳам.
— Ва шумо ин корро кардед?
— Набошад чӣ! Медонед, ҳаво гарм буд ва он чӣ ки ман қарор дода будам, ба иҷрояш чандон намешитобидам. Ба ҳамин тариқ, гашта омадани сарбозонро маҳтал шуда, акнун бо хотири ҷамъ мистер Морисро дар зери назорати боэҳтимод монда метавонистам. Фақат пас аз ҳамин ман модиёни пирамро зин зада ба ҳамон ҷое, ки ин мӯйҳои ҳайрати ва парҳоро ёфтам, раҳсипор гардидам. Ман аз рӯи тасвири касони ба он ҷо рафтагӣ маҳалро бо осонӣ ёфтам. Онҳоро Спенглери фислук роҳнамоӣ кардааст ва ман медонистам, ки онҳо нисфи изҳоро надидаанд, аз ин рӯ барори ман ҳам дар он ҷо ба қадри кифоя кор монда будааст. Ман саҳв накардам. Ҳар як нодоне, ки ягон вақт сафари дашт кардааст, қафо гашта омадани изҳои ин команчиҳои қалбакиро ёфта метавонист. Ҳар як дӯкондор метавонист онҳоро дар дашт таҳқиқ кунад, аммо мистер Спенглер ва дигарон инро ӯҳдабаро нашудаанд. Агарчи изҳо хеле пойкӯб карда шуда буданд, ман барои шӯхӣ ҳамаашро санҷидам. Ман изи ҳар чор аспро гирифта то оғилхонаашон рафтам.
— Баъд чӣ?
— Баъд бо майор гуфтугӯ кардам ва пас аз ним соат ҷои ҳар чораш ҳам паси панҷара шуд. Аввал сардорашонро дастгир карданд, набошад, секин ғайб мезад. Ба мастэр Мигуэль Диас тамға гузоштам гуфтанам дуруст будааст. Тир ба дасти росташ расидааст. Барои ҳамин ҳам ӯ лассоро афтонд.
— Пас, вай худаш будааст? — беихтиёр аз даҳони Луиза баромада монд ва ба фикр фурӯ рафт. — Хеле аҷиб, — мисли ин ки худ ба худ гап мезад, оҳиста давом намуд вай. — Охир ман ӯро дар буттазор дар ялангӣ дида будам. Ҳа, ин яқин. Ин мексикоидухтар — Исидора... Оҳ! Дар ин ҷо ким-чӣ гуна асрори шубҳанок пинҳон аст! Кӣ онро кушода метавонад?.. Азизам Зеб, гӯед, — ба шикорчӣ муроҷиат намуд Луиза ва ба ӯ наздик шуд, — ин мексикоидухтар... ин сеньорита, ки дар он ҷо буд... гуфтанӣ ҳастам, тез-тез ба назди вай мерафт!
— Ба назди кӣ? Дар бораи кӣ мепурсед, мисс Луиза?
— Ба назди мистер Чералд.
— Шояд тез-тез мерафтааст, шояд, не — на инаш ба ман маълум аст, на дигараш. Охир ман худам ҳам гоҳ-гоҳ ба он ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор