Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

оварданд, ки онҳо ҳинду набудаанд. Шумо, албатта, инро шунидаед, мисс Луиза. Асбобу анҷоми аз ковокии дарахт ёфтшуда, баръало аз он шаҳодат медиҳанд, ки касони мо дар лаби ҷарӣ дидагӣ, сурхпӯстон набуданд. Вақти дар кулба карта ёфтанам ман ҳам ҳамин хел фикр кардам.

— Пас, онҳо шабона ба ҳакале омадаанд. Фелим дидагӣ онҳо будаанд?

— Бешубҳа. Ин худи ҳамон мексикоиҳо.

— Чаро шумо фикр мекунед, ки онҳо мексикой мебошанд?

— Гапи мапаъмаълум. Ман худам ба ин боварӣ ҳосил кардам. Ман поида аз пасашон рафтам ва дар куҷо руст шудани ҳар кадомашонро дидам.

Креолдухтари ҷавон дигар савол надод. Ҳикояи Зеб дар дили вай умеду орзуи нав пайдо кард. Ӯ босаброна маътали давоми он шуд.

— Медонед, мисс Луиза, карта ва баъзе суханони онҳо, ки Фелим то тавонист ба ман такрор кард, маро ба ақидае оварданд, ки онҳо — мексикой мебошанд. Ба ин боварӣ ҳосил карда, акнун ба осонӣ пай бурда тавонистам, ки онҳо тахмин аз куҷо омадаанд. Ман мексикоиҳои маҳаллиро ба қадри кифоя нағз медонам, ки аз рӯи тасвир аз ҳар чор як нафарашро шиносам. Сарулибоси ҳиндугиашон маро фиреб дода наметавонистанд. Ғайр аз ин, ба яке аз онҳо тамғаи худамро гузоштам.

— Тамғаатонро? Чӣ хел кардед, Зеб?

— Дар хотир доред, тир холӣ карда будам?

— Дида будам ки куланги милтикро кашидед, вале онҳоеро, ки ба сӯяшон тир холӣ карда будед, надидам, — охир ман дар паси дарахтон меистодам.

— Гап ҳам ин, мисс Луиза, вақте ки пирамард Стумп куланги милтикро мекашид, кам мешавад, ки тираш хато хӯрад. Ман медонистам, ки тирам ба он разил расид. Аз дур паррондан лозим омад ва тир дар вақти афтидан буд, вале донистам, ки он ба вай расид. Чӣ тавр худро дарҳам кашиданашро дида, аз фикр гузаронидам. «Агар он пӯстро сӯрох накарда бошад, ман тайёрам, ки пӯсти худамро ба пӯсти вай алиш кунам». Пас аз ин шерамардони мо гашта омада, дар бораи сурхпӯстон не, балки сафедпӯстон нақл карданд. Ман аллакай кӣ будани он ҳиндуҳоро медонистам ва мехостам, онҳоро дастгир мекардам, аммо ин корро накардам.

— Чаро мистер Стумп? Охир, шояд, ин ҳамон касони додари бечораи маро куштагӣ бошанд!

— Маҳз барои ҳамин ҳам ман ҳоло ба онҳо даст накофтам.

пешина
аз 509
навбатӣ