Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
фақат он майҳои дар қалъа маркитант зинэфат мекардагиро чашидаам. Агар дорую даво мешуданд — гапи дигар: лекин онҳо дилу ҷигари тимсоҳро ҳам ба даҳонаш меоранд. Не, ҳазор лаззат ба он юндини франсузӣ ва хусусан коньяк! Ва аз шарбати тозаи ҷуворимакка, ки аз Питтсбурги соҳили дарёи Мононгахиль меоранд, чӣ беҳтар буда метавонад!
— Флоринда! Флоринда!
Сабаби чеғ заданашро ба духтархона нагӯяд ҳам мешуд. Ҳузури Зеб Стумп ба қадри кофӣ возеҳона нишон медиҳад, ки барои чӣ ӯро чеғ мезананд. Ӯ маътали супориш нашуда, аз дари хона баромад ва пас аз як дақиқа машраба пур аз он чӣ ки шикорчии пир «шарбати тозаи ҷуворимакка» меномид, вале дар ҳақиқат маҳсули коркарди ҷавдор буд, дар даст баргашт.
Зеб маътали муроот нашуд. Ба зудӣ мои машраба сеяку кам шуд. Аз се ду ҳиссаашро барои он монд, ки дар вақти ҳикояти дуру дарозаш, ки ба нақли он аллакай тайёр буд, нӯшида рӯҳи тоза гирад.
Боби LXX
«РАВЕД, ЗЕБ,
ВА ХУДО МАДАДГОРАТОН БОШАД!»
Шикорчии пир дар кори худ шитобу ачаларо нағз намедид. Ин ҳатто дар тарзи майнӯшии вай оин буд; ҳозир ҳам, ҳарвақта барин, вискии худро бо майлу ҳаловат саросема нашуда мехӯрд.
Креолдухтар, бетоқат шуда, маътали сухан сар кардани ӯ нагардид.
— Азизам Зеб, гӯед ки барои чӣ он мексиконро ба ҳабс гирифтанд? — духтархонаро фиристода гуфт вай. — Мигуэль Диасро гуфтанӣ ҳастам. Ба назарам, ман дар бораи вай баъзе чизҳо медонам.
— Танҳо шумо не, мисс Луиза — бисӯриҳо найрангҳои он нобакорро медонанд. Бародари шумо... Вале ҳоло дар ин бора гап намезанем. Зеб Стумп бошад медонад ё бисёр шубҳа мекунад, ки Мигуэль Диас ким-чӣ гуна муносибат дошт, ба... Шумо дар хусуси чӣ гап задани маро мефаҳмед?
— Гапатонро давом диҳед, мистер Стумп?
— Қисса кӯтоҳ, пас он ки мо аз Аламо баргаштем, ҷавононе ки ба дунболгирии ҳиндуҳо рафта буданд, ба зудӣ баргашта ҳабар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор