Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҳаст, ки аз қабати он ҳар гапро шунидан мумкин: агар хоҳанд, гап задаиашон мумкин. Ҳамроҳи мексикой ҳар се ҷӯраи муттаҳамаш ҳам нишастаанд. Онҳо бошанд, гапи мегуфтагӣ доранд.
— Чӣ хабари хуш, Зеб. Дирӯз шумо ба ман гуфтед, ки Диас зӯр зада кӯшиш кард...
— ...ки ба ҳапс афтад. Ин ба вай хеле нағз муяссар гардид. Ё ягон кас ба ӯ ёрдам кард.
— Вале гӯед: чӣ тавр, кай?
— Оҳ, мисс Луиза, чӣ тавр саросема мешавед! Монед акаллан нафасамро рост кунам. Саволи дуюми шумо — кай? Ба ин ҷавоб додан осон. Ин нобакорро як соат пеш дастгир карда ба қабс шинонданд. Аз пасаш пӯшида шудани дари гауптвахтаро дидам. Пас аз ман рост ба ин ҷо омадам.
— Охир шумо ҳанӯз сабаби ба қабс гирифтани ӯро нагуфтед.
— Осиёб ба навбаташ, мисс Луиза. Ин нақли дароз — яку якбора гуфта намешавад. Оё ҳозир шуниданӣ ҳастед, ё баъд аз...
— Баъди чӣ, мистер Стумп?
— Чӣ тавр ба шумо гӯям... мисс Луиза, ман фикр кардам... пас аз бурда ба оғил бастани модиёни пирам. Ӯ, зоҳиран, мехоҳад ҷуворимакка барин ягон чиз хоида истод ё ордоба-мордоба нӯши ҷон кунад. Мо охир ҳамроҳи ӯ бисёр роҳ тай кардем ва як соат пеш ба қалъа расида будем.
— Маро бубахшед, мистер Стумпӣ азиз! Ман дар ин бора фикр накардам... Плутон, аспи мистер Стумпро ба оғил бурда банд ва нағзакак ему алаф деҳ... Флоринда! Флоринда!.. Дилатон чӣ меҷӯяд, мистер Стумп?
— Ғами маро нахӯред, мисс Луиза, ташаккур. Ман фақат дар фикри модиёнам будам. Худам бошам, боз як ду соат беҳӯрок гокат карда метавонам. Вале, агар дар хонаи шумо ба вискии мононгахиль монанд ягон чиз ёфт шавад, ин барои андаке қувват бахшидани рӯҳам ба мани пир хеле фоида мекунад.
— Вискии мононгахиль! Чӣ қадар ки дилатон хоҳад. Вале, шояд, шуморо бо ягон чизи беҳтаре зиёфат кунем?
— Беҳтар аз вискии мононгахиль?
— Ҳа. Херес, шампан, ё коньяк намехоҳед? Агар шумо онро афзал донед.
— Не, ин майҳои фаронсавӣ табъи дили ман не, бигузор ба касе ки маъқул бошад, нӯшидан гирад. Шояд, фаронсавиҳо майҳои болаззат дошта бошанд, — агар дошта бошанд ҳам боварӣ дорам, ки дар хонаи Пойиндекстерҳо ёфт мешаванд, — вале мап

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор