Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

болини бемор шунида буд, тасаллои дил меҷӯяд; гоҳ ба асотея баромада, дақиқаҳои саодатмандеро, ки дар миёни дарахтони ақоқиё гузаронида буд, як-як ба хотир меорад; гоҳ дар гирдоби фикр аз нав ба ғаму андӯҳ меафтад, ки каси дили пурифтиҳори ӯро рабуда акнун паст зада, беобрӯ карда, ба ҳабс партофта шудааст ва, шояд, фақат барои мурдан аз он ҷо мебарояд.

Рӯзи чорум пагоҳӣ, вақте ки Зеб Стумп ба Каса-дель-Корво омада хабар овард, ки «отряд ба қалъа баргашт», хушбахтии Луиза ҳадду канор надошт.

Ин бисёр чизҳоро мефаҳмонид. Акнун аз касду нияти бераҳмона тарсидан лозим набуд, аз касду нияте, ки маҳбусро аз ҷанголи посбонон ба мақсади наҷот додан не, балки маҳв кардан дуздиданӣ шудаанд.

— Дигар хавотир накашед ҳам мешавад, — гуфт Зеб, ки дар овозаш боварӣ садо медод. — Акнун хатар гузашт, мисс Луиза, — ман чораҳои эҳтиётӣ дидам.

— Чора? Чӣ хел чора, Зеб?

— Пеш аз ҳама, баробари баргаштани майор, ман бо ӯ мулоқот кардам ва мо самимона гуфтугӯ кардем. Ҳар чӣ ки ба ман маълум аст, тамоми ин воқеаро ба ӯ нақл кардам. Хушбахтона, вай ба мистер Морис қасди бад надорад, балки ба гумонам, лештара барин ба ӯ муносибати нағз дорад. Баъд ман дар бораи он дастаи роҳзанони ҳаромзодаи американӣ, мексикай ва ғайра ҳикоя кардам. Диаси бадкирдорро, ки зоҳиран, аз ҳама хавфноктари онҳо мебошад, фаромӯш накарда гуфтам. Инро шунида майор фармуд, ки шумораи посбонон дучанд карда шавад.

— Чӣ нағз! Ба фикри шумо, акнун аз онҳо дигар тарсидан лозим нест?

— Агар шумо дастаи мистер Мигуэль Диасро гуфтанӣ бошед, қасам мехӯрам, ки не. Бигузор аввал ӯ худаш аз ҳабс барояд.

— Чӣ? Диас дар ҳабс аст? Чӣ тавр? Қай? Дар куҷо?

— Шумо якбора ба ман се савол додед, мисс Луиза. Хайр чӣ! Барои осонии кор биёед аз охир сар кунем. Пас, шумо мепурсед, ки Диас дар куҷо? Дар ин ҷойҳо фақат як ҳабсхона ҳаст, дигар нест. Ман гуфтаниам, ки ин гауптвахтай қалъа. Ӯ дар ҳамон ҷо.

— Ҳамроҳи...

— Медонам, ки киро ном гирифтанӣ будед? Ҳа, ёфтед. Дар як ҳуҷра набошанд ҳам, дар як биноянд. Дар байнашон деворчае

пешина
аз 509
навбатӣ