Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мумкин буд, ки ба марги Генри Поиндекстер онҳо гунаҳкоранд. Ғайр аз ин, дар байни онҳо ва мустангер — агар онҳо команчиҳои ҳақиқӣ бошанд ҳам, ҳеҷ гуна муносибат нест.

Дар он сурат барои чӣ боз ин адоват нисбат ба маҳбус якбора авҷ кард.

Ҳамаи ин чунон аҷиб мебошад, ки бисёр касонро ба кӯчаи сарбаста мебарад.

Фақат баъзеҳо ҳалли ин асрори даҳшатнокро медонанд ё гумонбар мешаванд; мумкин аст онҳо фақат се кас бошанд: Зеб Стумп ва Луиза Поиндекстер; сеюмаш — Кассий Колхаун.

Шикорчии мушоҳидакор дар рафтори Мигуэль Диас ва ҳамтабақони ӯ баъзе рафторҳои шубҳаовар пайхас кард, ки нохост бо ҳамин гуна даҳ-дувоздаҳ муттаҳамон — «офатон»-и посёлка ҷӯра шуданд. Зеб инчунин муайян кард, ки барангезанди онҳо — капитани мустаъфии волонтёрҳо Кассий Колхаун мебошад.

Зеб Стумп кашфиётҳои худро ба креолдухтари ҷавон гуфт, ки вай батамом моҳияти онҳоро фаҳмид; ана ҳамин боиси изтироби пурҳаҷми вай гардид.

Ӯ ба овозаҳои нав ҳарисона гӯш карда, бодиққат ба роҳи қалъа менигарад, гӯё мунтазири косиде мебошад, ки вай аз он ҷо ё хабари ҳукми қатлро меорад, ё умеди зинда монданро.

Луиза ба назди гауптвахта ҷуръати рафтан намекунад. Даромадгоҳи онро посбонон муҳофизат мекунанд, дар гирду атроф мардум — издиҳоми бекорхӯҷаҳои ҳангоматалаб гаштаанд, ки дар ҳамаи мамлакатҳо ба касони ҷинояткор наздик будан ба онҳо ким-чӣ гуна ҳаловати тира мебахшад.

Ин маҳбус бошад завқу шавқи мардумро махсус ба худ ҷалб менамояд, ки ӯ девона аст, ё ҳеҷ набудааст муваққатан аз ақл бегона шудааст.

Дари гауптвахта, бо вуҷуди дар посбонӣ истодани қаровулон ҳама вақт дар муҳосираи бекорхӯҷаҳо мебошад, ки истода ба ҳарзагӯиҳои марди ақлкоста гӯш мекунанд. Аз миёни ин издиҳом аз зери оташи нигоҳҳои кунҷковона гузашта рафтан — барои Луиза Поиндекстер маънии дар хатар мондани ному шӯҳрати худро дорад.

Агар Луиза ба ихтиёри худ вогузошта мешуд, шояд, ин фикр садди роҳи ӯ намегардид, вале аз паси ӯ падараш мепояд, ки бе ин ҳам аз духтараш гумонбар шудааст. Ғайр аз ин, боз як акрабояш шаъну виҷдони ӯро дар пеши чашми ҷамъият ғайюрона муҳофизат мекунад. Аз ин кор ӯро пешгирӣ менамояд.

Ӯ ба ҷуз хонашинӣ дигар чорае надорад; гоҳ дари ҳуҷраро ба рӯяш баста, дар ёддошти суханоне, ки дар Аламо дар сари

пешина
аз 509
навбатӣ