Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
азият медиҳад; лаънату нафрини ғайри сареҳе, ки баъзан аз даҳонаш мебарояд, низ дигар эҳсосотро ошкор месозад.
Колҳаун пештара барин тез-тез ба ким-куҷо баромада мера-вад; ӯ фақат вақти ба сари дастурхон нишастан ё шабхобӣ ба хона меояд, — он ҳам на ҳама вақт.
Боре ӯ тамоми рӯз ва шаби дароз ба хона наомад. Ба куҷо рафтанашро ҳеҷ кас намедонад; ва ҳеҷ кас ҳақку ҳуқуке надо-рад, ки инро аз вай бипурсад.
Луиза қариб бештари вақташро дар ҳуҷраи худ мегузаро-над. Рости гап, баъзан ба асотея мебарояд ва яккаву танҳо дар хусуси ким-чӣ фикр мекунад.
Дар он ҷо, дар зери гунбади лоҷувардӣ ба ранҷу олами худ — ғаму ғуссаи додари ҳалокгардидааш, воҳимаи талаф до-дани маҳбубаш ва шояд, фикрҳои ногувор доир ба муноқишае, ки аллакай ба номи Луиза алоқаманд буданд, тоб овардан ба ӯ осонтар мебошад.
Масъалаи охирин камтар аз ҳама ӯро бесаранҷом мекунад. Беш аз ҳама ваҳму воҳимаи ҷони маҳбубаш ӯро музтариб ме-созад; ғаму андӯҳи додараш, ки аввало ниҳоят азияттовар буд, баъд оҳиста-оҳиста таскин ёфт.
Аммо изтироб дар ҳаққи маҳбубаш соат ба соат зиёд меша-вад.
Луиза медонад, ки Морис Ҷералд дар чордевори мустаҳками гауптвақти ҳарбӣ маҳбус мебошад.
Дастнорас будани ин деворҳо ӯро ба ташвиш намемонанд, баръакс ӯ метарсад, ки онҳо ба қадри кифоя мустаҳкам нес-танд. Барои ин Луиза асос дорад. Хабарҳои даҳшатноке шунида буд.
Гап-ғап ҳаст, ки суди Линҷ аз нав барпо мегардад; ин дафъа ба сифати раиси суд Сэм Мэнли ва ба сифати вакилони даъво «мунтазамиён» не, балки муттаҳамоне баромад мекунанд, ки чӣ будани шарафу виҷдонро намедонанд ва ҳамеша онҳоро дар деҳаҳои гирду атрофи сарҳад, хусусан наздикии дидбонгоҳи ҳар-бӣ пайдо кардан кори осон мебошад.
Ин овозаҳо бисёр касонро дар ҳайрат мемонанд. Ҳеҷ фаҳми-да намешуд, ки чаро маҳбусро аз нав берун аз қонун суд ме-кардаанд.
Далелҳое, ки вақтҳои охир равшан карда шудаанд, рафти корро тағйир намедиҳанд; ба ҳар ҳол ба гунаҳкор будани вай ҳеҷ гуна исботи нав нест.
Агарчи чор савора ҳинду набушанд ҳам — чизҳои аз ковокии дарахт ёфташуда исботи он буданд, — дар айни ҳол комилан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор