Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

талаб мекунанд, ки баробари ба ҳуш омадан, фаврӣ ӯро суд кунанд. Рӯй гирифтани захмҳои ӯро мунтазир шуданӣ нестанд.
— Шояд, худашро сафед карда тавонад? Умедам ҳаст, ки ҳамин тавр ҳам мешавад, — гуфт Генкок.
— Дар гумон, — сар ҷунбонда ҷавоб дод Кроссмен. — Зинда бошем мебинем.
— Ман бошам ба ин боварӣ дорам, — гуфт Слоумен. — Вале дар оҳанги гапзании вай аз боварӣ дида, бештар, орзу ҳис карда мешуд, ки ин ҳамин тавр шавад.

Боби LXIX

АСРОРИ ВА МОТАМ

Дар асиендаи Каса-дель-Корво ғаму андӯҳ ҳукмфармо мебошад. Муносибати байни аъзоёни оила ким-чи гуна асроромез мебошад.
Онҳо фақат се нафар мондаанд ва назар ба пештара якдигарро хеле кам мебинанд ва ҳангоми вохӯрдан хеле беилтифотона рафтор мекунанд. Онҳо фақат дар сари дастурхон ҳамдигарро мебинанд ва онҳо фақат доир ба масъалаҳои аз ҳама муҳим гап мезананд.
Сабаби ин ғаму андӯҳро фаҳмидан мушкил нест; то андозае камгапии онҳо низ маълум мебошад.
Марге, ки акнун дигар ҳеҷ кас ба он шубҳа намекунад, — марги ягона писар, ягона додар, ногаҳонӣ ва пурасрор мебошад, — он ҳам барои падар, ҳам барои хоҳар зарбаи даҳшаттовар мебошад.
Шояд ҳамин марг боиси афсурдахотирии [афсурдахотирии] Кассий Колхаун, писари аммаи мақтул гардида бошад.
Вале гап танҳо дар ин не. Ҳатто гоҳ-ногоҳе, ки доир ба фоҷиаи оилавӣ гап заданӣ мешаванд, онҳо бо якдигар худдорона рафтор менамоянд.
Ба ғайр аз ғаму ғуссаи умумӣ ҳар кадоми онҳо боз ким-чи гуна андӯҳи махфию худро дорад, ки онро ба касе намегӯяд ва ба касони боқимонда гуфта наметавонад.
Плантатори бовикор акнун аз хона намебарояд. Ӯ соатҳои дароз дар хона ба роҳравҳо қадам мезанад. Бори гарони ғам ғурури ӯро шикаст ва шишаи қалбашро ҳам шикастанӣ буд. Вале на фақат ғаму андӯҳи писари ҳалокгаштааш пирамардро

пешина
аз 509
навбатӣ