Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ӯро дар гауптвахта қаба кардаанд, — навигариеро, ки навакак фаҳмида буд, хабар дод Генкок (ин гуфтугӯ дере нагузашта баъд аз юриши муқобили команчиҳо гашта омадан рӯй дод). — Хизматгори ғӯлу гаранғаш ҳам ҳамроҳаш. Майор фармудааст, ки дучанд зиёд посбон монда шавад. Ин чӣ маъни дорад, капитан Слоумен? Шумо, шояд, инро аз дигарон беҳтар фаҳмонида дода тавонед. Охир наход фикр кунанд, ки ӯ мегурехта бошад!

— Ба фикрам не, — ҷавоб дод Слоумен, — хусусан агар ҳаминро ба назар гирем, ки дар куҷо буданашро ҳам намедонад. Ман навакак ба он ҷо рафта будам, ки ӯро бибинам. Ба андозае ақлаш коста гаштааст, ки агар худашро дар оина бинад, шинохта наметавонад.

— Ақлаш коста гаштааст?.. Шумо бо ин гапатон чӣ гуфтан мехоҳед? — дигар афсарҳо ҳам, ки аз тафсили воқеа бехабар буданд, пурсиданд аз Генкок.

— Ӯ вараҷа дорад — ҳарза мегӯяд.

— Наход барои ҳамин шумораи посбонон дучанд карда шуда бошад? Хеле аҷиб! Шояд, ақли худи майор саҳл коста бошад.

— Шояд, ин таклиф ё, дурусттараш, супориши зани майор бошад? Ҳа-ҳа-ҳа!

— Вале ин чӣ маъни дорад? Наход дар ҳақиқат пиракии мо хавф дошта бошад, ки мустангер аз он ҷо мегурезад?

— Ба фикрам, гап дар сари ин не. Ӯ, зоҳиран, бештар аз он хавф дорад, ки ягон кас ба он ҷо зада медарояд.

— Эҳ, ҳамту гӯй!

— Ҳа, дари қулф барои Морис-мустангер камхавфтар аст. Дар посёлка шахсони шубҳанок гаштаанд ва аз нав дар бораи суди Линч мардум гап мезанад. Ё «мунтазамён» афсӯс мехӯранд, ки қатлро мавқуф гузоштанд, ё ким-кӣ онҳоро ба муқобили мустангер бармеангезад. Бахташ баландӣ кард, ки шикорчӣ пир тарафи ӯро гирифт ва мо дар сари вақт расида рафтем. Агар боз як рӯз мегузашт — мо Морис Чералдро зинда намеёфтем. Акнун ба ҳар ҳол, бечораро ҳалол суд мекунанд.

— Судаш кай?

— Ҳамин ки ҳушаш ба ҷояш биёяд.

— Шояд, як моҳ ё зиёдтар мунтазир шудан дуруст ояд.

— Шояд, ҳамааш пас аз якчанд рӯз ё ҳатто якчанд соат гузарад. Захмҳои баданаш, зоҳиран, чандон хавфнок нестанд. Бештар ақлаш ҳалал дидааст — аз афташ, аз захмҳо не, балки аз кадом як ҳаяҷони рӯҳӣ. Ҳамааш дар як рӯз тағйир ёфтанаш мумкин. Ва, ба андозае, ки ба ман маълум аст, «мунтазамиён»

пешина
аз 509
навбатӣ