Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва ӯ ба рӯи назарияҳои сохтаи шумо доир ба нобаробарии иҷтимоӣ механдад? Дар айни замон ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Охир аз боиси мисс Пойндекстер ҳам нашуда ҷанҷол рӯӣ доданаш мумкин. Дар Лсона дигар духтарони кирои ҷанҷол кардагӣ кам нестанд, аз занҳои қалъаи мо гап намезанем...

— Капитан Слоумен! — бадҳашмона сухани ӯро бурид Кроссмен. — Муҳокиманиҳои шумо маро дар тааҷҷуб мемонанд. Гумон аст, ки хонумҳои мо барои чунин кинояҳои таҳқиромез аз шумо миннатдор шаванд.

— Чӣ гуна кинояҳо, сэр?

— Наход шумо фикр кунед, ки ақаллан ягон каси онҳо илтифот карда бо ин адам гап мезада бошад?

— Бо кадомаш? Ман ду касро номбар кардам.

— Слоумен, шумо гапи маро ба қадри кифоя нағз мефаҳмед ва ман гапи шуморо. Хонумҳои мо, ҳатман, басе дилхуш мегарданд, ки номҳои онҳо дар қатори номи ин моҷароҷӯи шубҳаноки аспдузд, ки ӯро ба қотилӣ гумонбар мешаванд, ба забон гирифта мешаванд.

— Морис-мустангерро ба қотилӣ гумонбар мешаванд, вале айбҳои боқимонда ба ӯ дахл надоранд. Ӯ на аспдузд аст ва на моҷароҷӯ. Доир ба даъвои шумо бошад, ки гӯё хонумҳои мо ягон касашон ӯро лоиқи гап намебинанд, дар ин масъала, ҳамчунон дар бисёр масъалаҳои дигар — саҳв мекунед, мистер Кроссмен. Ман ӯро нағз мешиносам ва тасдиқ мекунам, ки тарбияаш аз ҳар кадоми мо ками надорад. Аз шиносоӣ бо вай ҳоҷати тарсидани хонумҳои мо нест; ва, модоме, ки шумо дар ин мавзӯъ гап кушодед, илова карда метавонам, ки гумон аст онҳо — ба ҳар ҳол, баъзеи онҳо аз ин худдорӣ мекарда бошанд. Морис-мустангер, чӣ тавре ки ман худам дидам, дар ҳузури занҳои мо қадру манзалати худро медонист. Ғайр аз ин, ман бисёр шубҳа мекунам, ки ягон каси онҳо мароқашро меоварда бошад.

— Наход? Чӣ хушбахт мебуд, касе ки рақибаш мешуд!

— Шояд, — оромона ҷавоб дод Слоумен.

— Эҳтимол... — ба ин гуфтугӯи ногувор хотима гузоштанӣ шуда гуфт Генкок, — эҳтимол, сабаби ин ҷанҷоли гумонӣ сеньоритаи соҳибҷамоле бошад, ки ҳозир дар вай дар ҳама ҷо гап мезананд? Ман ӯро ҳеҷ гоҳ надидаам, вале он чи ки дар ҳаққаш шунидаам, имкон медиҳад фикр кунам, ки аз боиси вай чандин дуэл шуданаш мумкин.

— Ҳар чи шуданаш мумкин... — мад кашида гуфт Кроссмен ва аз тахмини худ хурсанд буд, ки ирландии соҳибҷамол ба куллӣ дар орзуи висоли хоҳарзодаи интендант намебошад.

пешина
аз 509
навбатӣ