Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
карда наметавонед, — эътироз намуд Кроссмен. — Ба ҷинояткор будани вай қариб шубҳа нест.
Кроссмен ҳеҷ гоҳ ба ҷавони ирландӣ ҳусни таваҷҷӯҳ надошт. Як дафъа ба назараш чунин намуд, ки хоҳарзодаи интендант, хубони қалъа, ба ин моҷароҷӯи гумном бағоят бо назари лутф нигоҳ кард.
— Ман ин далелҳоро кифоя намешуморам, — ҷавоб дод Слоумен.
— Вале охир ба кушта шудани Пойндекстери ҷавон шубҳае намемонад. Ин таъин. Пас ин корро боз кӣ карданаш мумкин? Колхаун қасам мехӯрад, ки муноқишаи бачаи тагояш ва Чералдро шунидааст.
— Агар ба фоидаи ӯ бошад, Колхауни соҳибкарам ба ҳар чӣ ки гӯй қасам мехӯрад, — ба гап ҳамроҳ шуд драгун Генкок, — ғайр аз ин дар байни вай ва мустангер ҷанҷол хеста буд ва бинобар ҳамин шаҳодати вай чандон сазовори боварӣ нест. Ҳамту не?
— Фарз кардем, ки дар байни Пойндекстери ҷавон ва мустангер ҷанҷол шуда буд, — ба гап давом намуд офицери пиёдагард. — Мурод аз ин чӣ? Ин ҳоло исботи он нест, ки мо бо қотил сарукор дорем...
— Пас, ба тахмини шумо, дар байни мустангер ва Пойндекстер дуэль шуда будааст?
— Шояд ба ҳамин монанд ягон ҳодиса рӯй дода бошад ва ҳатто эҳтимол меравад. Ман инро инкор намекунам.
— Вале аз барои чӣ ҷанҷол карда бошанд? — пурсид Генкок. — Мустангер Колхаунро маҷрӯҳ карда бошад ҳам, ба шунидам, муносибати Пойндекстери ҷавон бо вай нағз буд. Сабаби ҷанҷолашон чӣ бошад?
— Ин саволро шумо медиҳед, лейтенант Генкок? — пурмаъниёна гуфт Слоумен! — Магар мардҳо барои ягон чиз ҷанҷол мекунанд, ба ғайр аз...
— ...ба ғайр аз зан? — ба гап ҳамроҳ шуд драгун. — Вале барои кадом зан бошад, ман фаҳмида наметавонам. Аз барои хоҳари Пойндекстер набудагист!
— Кӣ медонад! — китф дарҳам кашида ҷавоб дод Слоумен.
— Чӣ ҳарзае! — хитоб намуд Кроссмен. — Шикорчии аспҳои ваҳшӣ ҷуръат намуда орзуи васли мисс Пойндекстер кардааст? Кори аз ақл берун!
— Шумо чӣ тавр асилзодаи ашаддӣ ҳастед, Кроссмен. Магар шумо намедонед, ки ишқ табиатан — демократ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор