Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хабар дод, ки ягон ҳинду ҳам ба он ҷо қадам нагузоштааст.

Гапи онҳо бо далели шаҳӣ — мӯи эйратии кили асп, парҳои хурӯс, ки сабзу сурх ранг карда шуда буданд, эзорҳои пӯсти оҳу, мокасинҳо ва якчанд пакетча ранг тасдиқ гардиданд.
Ҳамаи ин чизҳо аз ковокии дарахти сафедор ёфт шуда буданд.

Доир ба юриши нави муқобили ҳиндуҳо орзую хаёлро аз сар бадар кардан лозим буд. Чӯяндагони корнамоиҳои қаҳрамонона нонлоч авҷи ғазаби худро фурӯ нишонда, ба ҳаёти осоишта қаноат намуданд, алалхусус вақтҳои охир ҳатто дар ин гӯшаи дурдаст бисёр воқеаҳои ғалати ва пурасрор рӯй доданд, ки доир ба онҳо фикр кардан ва гап задан мумкин буд.
Пеш аз ҳама — ба наздикӣ ба Леона кӯчида омадани соҳибҷамоли беҳамто; баъд — ба таври пурасрор ғоиб гардидан ва куштори гумонии додари ӯ; инчунин — ба таври боз ҳам пурасрор пайдошавии савораи бесар; воқеаи навбатии сафедпӯстони сарулибоси ҳиндугӣ пӯшида ва оқибат, навигарии охирин — шахсе, ки ба куштани Генри Пойндекстер гумонбар шудааст, ба даст афтида дар ҳолати хурӯши девонагӣ дар гауптвахта мебошад.

Ба ҷангварони ноумедгардида низ воқеаҳои дигари шавқангезеро нақл карданд, бинобар ҳамин онҳо аз дилтангӣ шикоят надоштанд. Номи Исидора Коварубио де Лос-Льянос, ин духтари соҳибҷамоли маккора дар аснои сӯҳбат низ ҳар замон ба забон бурда мешуд. Дар байни мардум овозае буд, ки ӯ ба сирру асроре, ки таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кардааст, кимчӣ гуна муносибат дорад.

Тамоми воқеаҳои дар Аламо авҷ гирифта — дар кулбааш дастгир карда шудани мустангери бемор, ҳукми ба дор кашидани вай, даҳолати Луиза Пойндекстер, дар оянда аз нав дидани кор, ки ба туфайли ҳимояти диловаронаи Зеб Стумп мавқуф гузошта шуда буд, — ҳамаи инҳо боиси ғайбати овозаҳои дурӯғи беохир гардиданд.

Аммо дар атрофи масъалаи гунаҳкор будани мустангер, ки кушандаи Генри Пойндекстер гуфта муттаҳам карда мешуд, баҳсу мунозираҳои пурталоше авҷ гирифтанд.

— Одамкушӣ, — беғаразона гуфт капитан Слоумен, — ин ҷиноятест, ки ба фикри ман, Морис-мустангер ба он қодир нест.
Ба гумонам, ба қадри кифоя ман ӯро нағз мешиносам, ки ин гапамро тасдиқ кунам.

— Ба муқобили вай будани ҳамаи далелҳоро шумо рад

пешина
аз 509
навбатӣ