Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Наход ӯро асир гирифта бошанд?
Тамоми қаҳру ғазабе, ки дар сандуқи синаи онҳо ҷамъ шуда буд, акнун ба муқобили мустангер не, балки душмании бадавӣ равона карда шуд.
Басо ҷавонтарон ва бо ҷӯшу хурӯши онҳо дигар худро ба нодонӣ зада наметавонанд; онҳо часта ба зин менишинанд ва қарори худро бо овози баланд эълон мекунанд, ки духтарро кофтуков карда меёбанд, ӯро наҷот медиҳанд ё ҳалок мегарданд.
Кӣ ба онҳо не мегӯяд? Ононе, ки духтарро таъқиб мекарданд, шояд, қотилони Генри Пойндекстер — ҳамон касоне бошанд, ки ҷустуҷӯяшон мекунанд.
Ҳеҷ кас онҳоро нигоҳ намедорад. Онҳо ба ҷустуҷӯи Исидора — ба таъқиби роҳзанони дашт мераванд.
Дар назди кулба одам кам мемонад, ки байнашон Зеб Стумп низ буд. Шикорчии пир фикри худро нагуфт, ки кирои таъқиби ҳиндуҳо мекунад, ё не: ӯ хомӯш истод. Зоҳиран, ягона ташвиши ӯ — ёрӣ додан ба бемор мебошад, ки ҳамоно беҳуш хобидааст ва якзайл ӯро «мунтазамён» қаровулӣ мекунанд.
Вале ба ғами мустангер на фақат Зеб шарик мешавад. Ба вай боз ду каси дигар содиқ мемонанд. Духтари соҳибҷамол пештара барин аз вай чашм намеканад, агарчи маҷбур аст, ки худро нигоҳ дошта, дар мубоҳисаи пурҷӯшу хурӯш иштирок накунад. Дуюмаш — марди бесулакаи хандаоварест, ки дар болои сари бемор истода, ӯро мастер Морис меномад: ӯ Фелим мебошад. Тамоми ин муддат вай дар байни анбӯҳи барги балути сершоҳ руст шуда, хомӯшона ба тамоми воқеаҳо муоина мекард. Тағйироти вазият ба ӯ имкон медиҳад, ки бе ҳеҷ хавфу хатар ба замин фурояд ва ба хоҷааш, ки ҳамроҳи вай уқёнуси Атлантикро гузашта омада буд, парасторӣ кунад.
Воқеаҳои минбаъда акнун дур аз соҳилҳои Аламо рӯй медиҳанд. Пас аз як соат кулба холӣ мешавад ва шояд, дигар ҳеҷ гоҳ Морис-мустангер дар зери боми меҳмоннавозии он зиндагӣ накунад.
Боби LXVIII
МАЪЮСӢ БОЛОИ МАЪЮСӢ
Юриш ба муқобили команчиҳо беш аз се-чор рӯз тӯл накашид. Маълум шуд, ки ҳиндуҳо асло дар тараддуди сар кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор