Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

намекунанд. Зоҳиран, ман садои суми аспи ӯро мешунавам — аз афтош вай аз нишебӣ мефурояд. Ӯ бояд роҳро нағз донад — охир вай худаш онро ба мо нишон дод.

Ин маслиҳат зоҳиран ба аксарияти ҳозирон ақлона менамояд. Онҳо тарсончак нестанд. Аммо фақат баъзеи аз онҳо дар задухӯрдҳои ҳақиқӣ бо ҳиндуҳо иштирок кардаанд; бисёрӣ-кашон умуман фақат он ҳиндуҳоеро дида буданд, ки барои савдо ба қалъа меомаданд.

Ба ҳамин тариқ таклиф қабул карда мешавад. Ҳама Исидо-.
раро маътал мешаванд.

Ҳама аллакай худро ба назди аспонашон расондаанд. Баъзеҳо аз тарси он ки ҳамроҳи мексикоидухтар ё аз паси вай отряди команчиҳо пайдо шуданаш мумкин дар ақиби дарахтон руст мешаванд.

Дар зимни он Зеб Стумп латтаро аз даҳани маҳбуси муваққатан афв карда шуда мегирад ва ҳалқаи ресмонро ки таранг кашида шудааст, мекушояд.

Луиза бо диққати тамом ба ӯ менигарад, вале ба вай ёрдам намекунад. Ҳар чӣ ки аз дасташ меомад, шояд аз ҳад ошкоро бошад ҳам, аллакай ёрдам кард. Вай дигар намехоҳад, ки диққатро ба худ ҷалб намояд.

Аммо хохарзодаи дон Сильвио Мартинес куҷо шуд?

То ҳол аз ӯ дарак нест. Дигар садои суми аспи вай шунида намешавад. То ба ҳакале расида омадан аз будаш зиёдтар вақт дошт.

Ин кори ӯ тааҷҷуб, изтироб, тарсу ҳаросро ба амал меорад.
Духтари мексикой ба бисёриҳо таассуроти калон мебахшад ва ин тааҷҷубовар нест: дар байни издиҳом ҳам ҳушдорони пештараи ӯ ҳастанд ва ҳам касоне, ки вайро маротибаи аввал медиданд.

Наход ӯро асир гирифтанд?

Дар дили ҳама ин савол пайдо мешавад. Вале касе ба он ҷавоб дода наметавонад.

Техасиҳо хоҳиши виҷдон ҳис мекунанд. Охир духтар онҳоро ба ҷавонмардию диловарии даъват карда буд: «Техасиҳо! Дӯстон!
Наҷот диҳед!»

Наход ин маликаи ҳусн асири ваҳшиён гардида бошад?

Онҳо бодиққат гӯш медиҳанд; дили аксарияти онҳо аз ҳаяҷон фишурда мешавад.

Вале ягон садо ба гӯш намемерасад. На садои суми асп, на овози зан — ба ҷуз чангар-чупгури лаҷоми аспони худи онҳо, дигар чиз шунида намешавад.

пешина
аз 509
навбатӣ