Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гуфта мешаванд ва ин охирин зорию таваллои амонталабӣ мебошад, ки бо забони ба вай номафҳум ифода карда шуданд.

Вақте, ки аз поён садои тири милтиқ баланд мегардад, ё шояд, каме пештар — ҳангоме, ки дарди ҷонкоҳи даст ба афтонидани лассо ва бо тааҷҷуб ба гирду атроф назар андохтан ӯро маҷбур месозад, пай мебарад, ки саҳв кардааст.

Ӯ дар водӣ абрпораи дуди борутро мебинад. Танҳо як нигоҳ кифоя аст, ки он рафтори ҳиндуро тағйир диҳад. Вай ягон сад одами мусаллаҳро мебинад.

Се рафиқи дигараш баробари ӯ онҳоро дида мемонанд.

Мисли ин ки забон як карда бошанд, ҳар чор ашон сари аспҳоро мегардонанд ва бо ҳамон суръате, ки ба ин ҷо асп тозонда омада буданд, гурехта мераванд.

— Сабил монад! — мегӯяд Зеб Стумп, аз нав ба милтиқ тир ҷой карда.— Агар хатари марг ба духтар таҳдид намекард, ман мемондам ки онҳо ба назди мо фуроянд. Асир меафтиданд, мо доир ба ин масъалаи пурасрор баъзе чизҳо фаҳмида мегирифтем. Вале акнун онҳоро илоҷи дарёфт кардан нест.

Пайдошавии ҳиндуҳо рӯҳияи шахсонеро, ки дар назди кулбаи мустангер гирд омадаанд, тағйир медиҳад.

Онҳое, ки Морис Чералдро қотил мешуморанд, акнун ақаллиятро ташкил медиҳанд. Аз ҳозирон касони басе иззатманд фикр мекунанд, ки ӯ гунаҳкор нест.

Колхаун ва шариконаш дигар ба вазъият мақоми роҳбарӣ надоранд. Бо таклифи Сэм Мэнли суд мавқуф гузошта мешавад.

Нақшаи нави амалиёт хеле зуд тартиб дода мешавад. Айбдорро ба посёлка мебаранд ва мувофиқи қонунҳои мамлакат дар он ҷо тафтишу таҳқиқи судӣ мегузаронанд.

Ҳоло фурсатро аз даст надода бо ҳиндуҳо машғул шудан лозим, ки яку якбора тамоми нақшаҳоро барбод ва рӯҳияи касони ҷамъомадаро тағйир доданд.

Ба дунболашон раванд? Бешубҳа.

Вале кай? Ҳозир?

Эҳтиёт имко мекунад, ки не.

Танҳо чор нафари онҳоро диданд, вале онҳо пешсафи чорсад кас буда метавонистанд.

— То фуромада омадани зан сабр мекунем, — аз ҷумлаи басе буздилон маслиҳат медиҳад касе. — Охир онҳо дигар ӯро дунболгирӣ

пешина
аз 509
навбатӣ