Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сардор аз нав лассоро ба даст мегирад, вале онро намепартояд, зеро ба барори кор боварӣ дорад.

— Карамба! — ғур-ғур мекунад вай. — Боз камтар каҷ хӯрад — ба ҷарӣ меафтад!

Вале ӯ саҳв мекунад: Исидора ба ҷарӣ намеафтад. Ӯ боз якбора лаҷоми аспро мекашад, боз як бори дигар бо чаққонӣ сари аспро мегардонад ва акнун қад-қадди ҷарӣ ба андозае наздик ба лаби он асп метозонад, ки диққати техасиҳоро ба худ ҷалб менамояд; ана ҳамон вақт Зеб бо ҳаяҷон фарёд мезанад: «Иосафат!»

Ва гӯё дар ҷавоби нидони шикорчнии пир, ё дурусттараш, ба саволи аз ин баъд додашуда, садои фарёди саворадухтари ҷавон ба гӯши онҳо мерасад.

— Ҳиндуҳо! Ҳиндуҳо!

Ҳар он касе, ки ақаллан се рӯз дар Техаси ҷанубӣ истиқомат кардааст, ин суханҳоро ба кадом забоне, ки талаффуз карда нашаванд, онҳоро мефаҳмид. Ин сигнали бонги хатар мебошад, ки аллакай муддати сесад сол дар масофаи се ҳазор мил минтақаи сарҳаддӣ ба се забони гуногун — франсавӣ, испанӣ ва англисӣ ифода карда мешавад.

«Les Indiens!», «Los Indios!», «The Indians!».

Танҳо кар ё шахси ниҳоят беақл ин суханонро намефаҳмид ва хатари дар онҳо ниҳон бударо ҳис намекард.

Барои онҳое, ки дар поён, дар таги дари хакале истодаанд ва ин нидоро мешунаванд, ҳоҷати тарҷума кардан нест. Онҳо дарҳол фаҳмиданд, ки дардодаи ин нидоро ҳиндуҳо таъқиб мекунанд.

Онҳо акнун инро дарк карда буданд, ки боз ҳамон нидо ба гӯшашон расид:

— Техасиҳо! Дӯстон! Наҷот диҳед! Наҷот диҳед! Маро ҳиндуҳо таъқиб мекунанд! Онҳо тамоман наздиканд!

Вай ҳамоно фарёд занад ҳам, аммо акнун суханони ӯро фарқ кардан душвор мебошад. Вале акнун ҳоҷати шарҳу баён нест, ки дар ҳамвории болоӣ чӣ воқеа рӯй медиҳад.

Аз паси зани савора дар холигии байни дарахтон ҳиндуе намоён мегардад, ки девонавор чорнаъл асп тозонда меоянд. Дар фони осмони кабуд тарҳи вай барҷаста намоён мегардад.

Ӯ ҳалқаи лассоро мисли фалаҳмон бар болои сар чарх мезанонад. Ӯ чунон саргарми дунболгирӣ мебошад, ки зоҳиран, ба суханони духтар аҳамият намедиҳад, — охир, вақте ки духтар техасиҳоро ба ёрӣ чеғ мезад, аспро нигоҳ надошт. Ҳинду фикр карданаш мумкин буд, ки ин суханон ба ӯ муроҷиат карда

пешина
аз 509
навбатӣ