Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Якчанд сол ин ҷониб онҳо чӣ бо техасиҳо ва чӣ бо мексикоиҳо дар сулҳу осоиш зиндагӣ мекарданд. Вале акнун сулҳи муваққатӣ ба охир расида буд. Исидораро марг таҳдид мекунад.
Пеш-пеш дар дашти кушод Исидора асп метозонанд; ӯ бо нидову қамчин ва зарби маҳмез аспи худро тунд меронад.
Фақат овози ӯ шунида мешавад. Ононе, ки аз паси вай асп тозонда меоянд, мисли шабаҳ хомӯш мебошанд.
Ӯ думбора баргашта менигарад. Онҳо ҳамагӣ чор нафаранд; вале чор кас ба муқобили як кас ва хусусан ба муқобили як зан — ин аз ҳад зиёд мебошад.
Ягона умед — техасиҳо мебошанд.
Исидора ба сӯи дарахти сарв асп метозонад.
Боби LXVII
ҲИНДУҲО
Духтари савора, ки ӯро ҳиндуҳо таъқиб менамоянд, аллакай дар масофаи сесад ярд ба лаби ҷарие, ки бар болои он дарахти сарв қад кашидааст, наздик шудааст.
Духтар аз нав баргашта менигарад.
«Нобуд шудам! Илоҷи халосӣ нест!»
Ҳиндуе, ки пеш-пеш асп тозонда меояд, лассоро аз қоши зин мегирад ва бар болои сар чарх мезанонад.
Духтар ба нишебӣ нарасидан пеш, ҳалқаи лассо ба гарданаш мепечад. Ва онгоҳ!..
Нохост фикри хуше дар майнаи Исидора пайдо мешавад.
То нишебӣ боз анча роҳ буда, вале ҷарӣ наздик мебошад.
Ӯ ба хотир меорад, ки аз болои ҷарӣ кулба менамояд.
Савора зуд лаҷомро мекашад ва якбора самтро тағйир медиҳад; ба ҷои он ки ба сӯи сарв асп ронад, рост ба тарафи ҷарӣ асп метозонанд.
Таъқибкунандагони вай ҳайрон мемонанд ва дар айни замон хурсанд мешаванд — онҳо маҳалро нағз медонанду ва акнун боварӣ доранд, ки духтар аз дасти онҳо халос хӯрда наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор