Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Шояд, онҳо ҳам ӯро диданд, шиҳакашии мустақғи ӯро шуниданд? Онҳо, эҳтимол, бо мақсади дастгир намудан ӯро иҳота карда истоданд.

Ӯ аз куҷо медонад, ки онҳо чӣ гуна қасду ният доранд?
Ӯ душман дорад ва хусусан яке аз онҳо — дон Мигуэль Диас хавфнок мебошад. Ғайр аз ин, аз команчиҳо низ ҳама вақт тарсидан лозим, алалхусус онҳо дар пайраҳои ҷанг мебошанд.

Исидораро воҳима зер мекунад. То ҳол вай ором буд, вале акнун рафтори саворон ба назараш шубҳаангез менамояд.
Агар онҳо мусофирони муқаррарӣ мебуданд, аз миёни паттазор поида-поида наздик нашуда, балки аз роҳи рост меомаданд.

Ӯ ҷои руст шудагиашро аз назар мегузаронад: агар онҳо аз он наздикӣ гузашта раванд, баргҳои пармонанди акоқиё ӯро паноҳ намекунанд.

Аз рӯи садои суми аспон маълум, ки саворон наздик меоранд. Ҳозир онҳо ӯро мебинанд...

Исидора аспро маҳмез мезанад, аз байни паттазор мебарояд ва аз дашти васеъ ба сӯи Аламо метозонад.

Вай қарор медиҳад, ки дусад-сесад ярд дур равад, то ба ӯ на тири пайкон расад, на тири таппонча, онгоҳ истода мебинад, ки кӣ наздик меояд — дӯстон ё душмонон.

Ва агар онҳо душман бошанд, ӯ ба мустақғи бодпояш умед мебандад, ки ӯро зери паноҳи техасиҳо бурда расонда метавонад.

Вале Исидора намеистад: саворон тозон аз байни паттазор мебароянд; онҳо дар якчанд ҷой намоён мешаванд, аммо ҳама рост ба сӯи ӯ асп тозонда меоянд.

Ӯ баргашта пӯсти мисинранги баданҳои нимурён, дар чеҳраҳо рангу бори ҷангӣ ва парҳои оташрангро дар мӯйҳо халонида мебинад.

— Ҳиндуҳо... — аспро боз ҳам сахттар маҳмез зада бо овози паст мегӯяд мексикондухтар ва бо суръати тамоми ба тарафи дарахти сарв асп метозонад.

Ӯ аз болои китф зуд назар афканда боварӣ ҳосил менамояд, ки ӯро дунболгирӣ мекунанд, агарчи бе ин ҳам вай аллакай инро медонист. Онҳо наздик омадаанд — ба андозаи наздиканд, ки бархилофи урфу одати худ бо нидоҳои ҷангӣ ҳавони пур намекунанд.

Хомӯшии онҳо шаҳодати он мебошад, ки ӯро асир гирифтанианд ва дар ин бора пешакӣ аҳду паймон кардаанд.

То ҳол Исидора қариб аз дучор омадан бо ҳиндуҳо наметарсид.

пешина
аз 509
навбатӣ