Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Исидора истода гӯш мекунад, вале ҳоло ягон чизи пурхатар дида намешавад. Койот канда-канда аккос мезанад — ин ҳам хавфнок нест, хусусан дар рӯзи равшан. Дигар садое ӯ наме-шунавад.
Фикру зикраш аз нав ба техасиҳо бармегардад. Ва хусусан ба ҳамон касе, ки охирин шуда ӯро танҳо монда рафта буд. Исидора ба фикр фурӯ меравад, ки чаро вай ин қадар батаф-сил ӯро пурсупос кард, аммо асп риштаи фикру хаёли ӯро ме-бурад. Чаро мустанги ӯ бетоқатӣ мекунад, дар ҷояш исто-дан намехоҳад, фирик-фирик мекунад ва ниҳоят, аз пештара дида баландтар шиҳа мекашад?
Ин дафъа якчанд асп, ки зоҳиран, дар роҳ дартоз меоянд, вале ҳамоно паттазор онҳоро аз назар панах медорад, шиҳа кашида ба ӯ ҷавоб медиҳанд. Дарҳол садои суми онҳо шунида мешавад.
Баъд аз нав садоҳо хомӯш мегарданд. Аспон ё истоданд, ё қадам партофта меомаданд.
Исидора якумашро тахмин менамояд. Ӯ фикр мекунад, ки саворон шиҳакашии аспи ӯро шунида, аспонашонро нигоҳ дош-таанд. Вай аспро ором карда, истода гӯш меандозад. Аз байни буттаҳо ким-чи хел садои пасти галогула ба гӯш мерасад. Як-чанд овози пасти мардонаро фарқ кардан мумкин.
Дере нагузашта садоҳо ором мешаванд ва дар паттазор боз хомӯшӣ барқарор мегардад. Саворон, ҳар касе, ки набошанд, эҳтимол, дудила шуда истоданд.
Ин Исидораро на дар тааҷҷуб мемононад, на бесаришта ме-кунад.
Ягон кас ба Рио-Гранде меравад ё шояд, онҳо касони ка-фомондаи отряди техасиҳо бошанд. Шояд, аз эҳтиёт онҳо ши-ҳакашии аспонро шунида истоданд; ин табиӣ: маълум, ки ҳо-зир ҳиндуҳо дар пайраҳои ҷанганд.
Комилан табиист, ки саворони номаълум ҳар кас ки набо-шанд, эҳтиёт шудани ӯ лозим. Исидора дар ҳамин фикр оҳиста ба канор асп меронад ва дар зери дарахти ақоқиё руст меша-вад. Ӯ боз истода гӯш меандозад.
Дере нагузашта ӯ мебинад, ки саворон на бо роҳ, балки аз ғулии паттазор гузашта ба вай наздик мешаванд. Зоҳиран, онҳо тақсим шуданд ва кӯшиш доранд, ки ӯро иҳота кунанд. Аз он рӯ вай ифро пай мебарад, ки садои пасти сум аз ҳар тараф шунида мешавад; саворон ба хомӯшии том риоя мекунанд — ин ё эҳтиёткорӣ мебошад, ё макру ҳила. Оё онҳо қасду нияти бад надоранд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор