Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
сари он мард поён аз лаби ҷарӣ ғоиб мегардад, ба назари Исидора чунин менамояд, ки ӯ дар байни ин фазоҳо яккаву танҳо монд.
Вале ӯ саҳв мекунад.
Чанде вай дудила шуда дар ҷояш меистад.
Гумон аст, ки ба фикрҳои вай ҳасад бурдан мумкин бошад. Шояд, ӯ аллакай никорашро гирифта бошад, вале ин ӯро хурсанд намегардонад. Бигузор вай рақибашро, ки чашми дидан надорад, таҳқир карда бошад, вале охир ӯ, шояд, шахсеро, ки дӯст медорад, маҳв карда бошад. Сарфи назар аз он чӣ ки рӯй додааст, Исидора пештара барин ӯро дӯст медорад.
— Модархудои куддуса! — бо изтироби пурҳаяҷон пичиррос мезанад вай, — чӣ коре буд, ки ман кардам? Агар ин судбоиҳои бераҳм ӯро гунаҳкор шуморанд, ин бо чӣ меанҷомад! Бо марг! Модархудои куддуса, ман инро намехоҳам! Фақат аз дасти онҳо не! Не-не! Онҳо чӣ гуна чеҳраҳои бераҳми қаҳролуд доштанд! Вақте ки ман роҳро ба онҳо нишон додам, дарҳол маро фаромӯш карда, чӣ тавр зуд ба пеш шитофтанд! Онҳо аллакай пешакӣ қарор додаанд, ки дон Морисо бояд бимирад. Ӯ дар ин ҷо барои ҳама бегона мебошад, аз мардуми дигар мамлакат аст. Якка, бе ёру ёвар, фақат дар иҳотаи душманон... Ба сарам чӣ фикрҳо омада истодаанд! Ҳамон касе, ки охирин шуда маро нигоҳ дошт, — оё бачаи аммаи мақтул набуд? Акнун фаҳмидам, ки чаро вай маро батафсил пурсупос кард? Дили вай — мисли дили ман ташнаи қасос буд...
Духтар беқаророна ба ҳар сӯи дашт чашм медӯзад. Отряд кайҳо аз назар ғоиб гардида бошад ҳам, мустанги кранд пештара барин ноором мебошад. Ӯ ҳис мекунад, ки соҳибаш аз ким-чӣ дар изтироб аст. Аспи аввалин шуда хатарро ҳис мекунад — ӯ нохост оҳиста шиҳа мекашад ва сарашро ба тарафи латтазор бармегардонад, гӯё нишон доданӣ мешавад, ки душманон аз он тараф наздик шуда истодаанд.
Вай кист?
Исидора аз рафтори мустанг ба ташвиш афтода, низ баргашта, ба пайраҳае, ки навакак омада буд, бодиққат менигарад. Ин роҳи Леона мебошад. Он ба масофаи дусад ярд намудор аст, баъд онро буттае паноҳ мекунад. Дар роҳ ягон кас наменамояд, ба ҷуз ду-се койоте, ки худро дар сояи дарахт гирифта, ба умеди луқмаи лазизе изи аспонро бӯй мекунанд. Не, аспи крандро онҳо ба изтироб наоварданд. Вай онҳоро мебинад, вале аз ин чӣ? Гурги даштӣ барои вай манзараи ниҳоят муқаррарие мебошад. Ӯ ким-чиро пай бурд ё садоеро шунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор